Дастури таълимӣ

252

Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот нашр намудани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, шарти зарури мебошад. Ба табъ расидани дастури таълимии “Асосҳои техникаи ададӣ” аз ҷониби устодони кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон д.и.ф-м., профессор Султонов Н. ва н.и.ф-м., дотсент Ҳамроқулов Р.Б., пайки хуше дар ин ҷода мебошад. Дастури мазкур ба омӯзиши элементҳои мантиқӣ, тригерҳо, шифраторҳо, дешифраторҳо, мултиплексорҳо, табдилдиҳандаҳои қиёсию рақамӣ, ҳисобгиракҳои рақамӣ, регистрҳо, олотҳои хотира, сохт ва кори микропротсессорҳо бахшида шудааст, ки барои ихтисоси радиофизика ва электроника яке аз маводҳои зарури ба шумор меравад.Умедворем дастури таълимии мазкур дар баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва сифати таълим нақшгузор бошад.