ДАСТОВАРДИ ИЛМИИ НАВБАТИИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

168

Санаи 06.12.2023 унвонҷӯи кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази пиряхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲОМИДОВ АНВАР ШЕРИНОВИЧ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Арзёбии геоэкологии ташаккули таркиби химиявии обҳои рӯизаминӣ ва барф дар ҳавзаи фаромарзии дарёи Панҷ» аз рӯи ихтисосӣ 1.6.21 – Геоэкология, шӯрои дисертатсионнии Д 24.2.365.01 дар Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Русия, шаҳри Санкт-Петербург зери роҳбарии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Норматов Ином Шерович ва мушовири илмӣ доктори илмҳои химия, профессор, ходими пешбари илмии лабораторияи илмии «Идоракунии оқилонаи муҳити зист»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи А.И.Герцен Фрумин Григорий Тевелевичбо мувафақият ҳимоя намуд.Бояд зикр намуд, ки дар асоси созишнома байни Донишнгоҳии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Русия шаҳри Санкт-Петербург барои омада намудани мутахассисони унвондор таи панҷ соли ахир се нафар унвонҷуёни кафедраи метеорология ва климатология рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд.Садорати факултети физика унвонҷӯи кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази пиряхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲОМИДОВ АНВАР ШЕРИНОВИЧ-ро барои бо мувафақият ҳимоя намудани рисолаи номзадиаш табрик намуда ба корҳои эҷоди ва илмии минбаъдаш мувафақиятҳои навро таманно менамояд!