ДАСТОВАРДҲОИ ФИЗИКАИ ҲАСТА ДАР СОҲАИ ТИБ

384

Соли 1896 кимиёдони фаронсавӣ Антуан Анри Бекерел тасодуфӣ ҳодисаи радиоактивиятро ҳангоми омӯзиши намакҳои уранӣ, ки бо таври худ ба худи афкандани афканишотҳои ноайён амали мешуд ошкор намуд. Баъди ду сол пас Пйер Кюри ва Мария Склодовская-Кюри ҳодисаи радиоактивии торийро ошкор намуда аз намакҳои уранӣ полоний ва радийро ҷудо намуданд. Тадқиқоти муфассали таҷрибавии афканишотҳои радиоактивиро Рутерфорд анҷом дод. Ӯ нишон дод, ки афканишотҳои радиоактивӣ асосан аз α-, β- ва γ-афканишотҳо иборат аст. Бетта афканишот аз электронхои зарядноки манфй, алфа афканишот аз заррахои зарядноки мусбат (альфа зарра, чи тавре ки каме дертар маълум шуд, ядрои ҳелий-4 мебошанд), гамма афканишот ба афканишоти рентгени шабоҳад дорад. Табиати ҳастаи доштани ҳодисаи радиоактивиро соли 1911 баъди пешниҳоди модели ҳастаии атом Эрнест Резерфорд шарҳ дод.

Физикаи ҳастаи барои халли проблемахои фундаменталӣ – равшан кардани хусусиятхои сохти материя ва кашф кардани конунхои нави табиат ахамияти калон дорад. Ин сохаи илм инчунин барои бисьёр сохахои астрофизика, масалан, дар тадқиқи реакцияхои термоҳастаи дар ситорахо ахамияти принципиалӣ дорад. Татбиқи амалии физикаи ҳастаи гуногун аст – аз силоҳи ҳастаӣ ва дар оянда энергетикаи термоядроӣ то ташхис ва терапия дар тиб.

Физикаи ҳастаи дар соҳаи тиб аҳамияти нихоят калон дорад. Ҳар яки мо аз хурди бо калимаи рентген ошно ҳастем ҳол он, ки мафҳуми онро намедонистем. Дастовардҳои физикаи ҳаста, ки бе онҳо тибби муосирро тасавур кардан номумкин аст инҳоянд: ташхиси рентгенӣ, тамографияи компютерӣ, тамографияи магнитии резонансӣ, тамографияи ҳастаии магнитӣ, ташхиси радионуклидӣ, терапияи радионуклидӣ (кимиёдармонӣ) ва ғайра.

Чунин мисолҳо ниҳоят бисёранд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки пешрафти соҳаҳои гуногунӣ тиб бо пешрафти технологияи муосир вобаста аст, ки яке аз онҳо технологияи ҳастаи ба ҳисоб меравад.

Соҳаи тибе, ки дар он дастовардҳои физикаи ҳаста истифода мешавад тиббӣ ҳастаи ном дорад. Афканишотҳои радиатсионӣ қобилиятии гузаришии зиёд доранд ва бо атомҳои модда ҳамтаъсирот намуда онҳоро иониш менамоянд. Раванди иониши атомҳои муҳитҳои биогенӣ ба ҳосилшавии радикалҳои озод ва гузариши реаксияҳои кимиёи оварда мерасонад, ки боиси вайроншавии кори ҳуҷайра мегардад.

Моддаҳои радиофаъолро беш аз ҳама дар соҳаи кардиология онкология, нервология барои ташхис ва табобат истифода мебаранд. Тибби ҳастаи дар соҳаҳои зерини тиб истифода мешавад (мисол ИМА): кардиология -46% аз шумораи умумии ташхисҳои тадқиқотӣ, онкология-34%, нервология -10%. Хусусан дар онкология тибби ҳастаи вазифаҳои зеринро иҷро менамояд, айёнсозии манбаъҳои омосӣ ва метазтази онҳо ва муайянсозии паҳншавии омос дар организм. Таъсири манфии афканишотҳои ионофарро мо метавонем барои нобуд сохтани ҳуҷайраҳои омосҳои бадсифат равона созем.

Табобати радиатсионӣ (терапияи рентгенӣ, телегамма терапия, терапияи электронӣ, терапияи нейтронӣ ва ғ.) ин истифодаи як намуди махсуси энергияи афканишотҳои электромагнитӣ ё афканишотҳои зарраҳои бунёдии ядроӣ мебошад, ки ҳуҷайраҳои омосро нобуд ё афзоиш ва тақсимоти онҳоро бозмедоранд. Баъзе ҳуҷайраҳои солим, ки ба минтақаи радиатсионӣ ворид мешаванд, низ осеб мебинанд, аммо аксарияти онҳо метавонанд барқарор шаванд. Ҳуҷайраҳои омос нисбат ба ҳуҷайраҳои солими атроф тезтар тақсим мешаванд. Бинобар ин радиация ба онхо бештар зарар мерасонад. Маҳз ҳамин фарқиятҳо самаранокии табобати радиатсионӣ барои омос муайян мекунанд. Табобати радиатсионӣ барои табобати намудҳои гуногуни омосҳо истифода мешавад.

Дар айни замон зиёда аз нисфи беморони гирифтори ин ё он намуди омос бо афканишотҳои ионофар бомуваффақият табобат карда мешаванд. Радиатсияро метавон ҳамчун усули мустақили табобат истифода бурд. Баъзан радиотерапия пеш аз ҷарроҳӣ барои коҳиш додани омос ё пас аз он барои нобуд сохтани ҳама ҳуҷайраҳои боқимондаи омос анҷом дода мешавад. Аксар вақт, табибон радиатсияро дар якҷоягӣ бо доруҳои зидди саратонӣ (радиофармпрепаратҳо, кимиёдармонӣ) барои нест кардани бофтаҳои омосӣ истифода мебаранд.

Кимиёдармонӣ (КД) яке аз усулҳои асосии табобати беморони саратон мебошад. Истифодаи протоколҳои муосир дар якҷоягӣ бо табобати иловагӣ ва дастгирӣ, барқарорсозии пурра ба онкологҳо имкон медиҳад, ки мушкилотро ба ҳадди ақал расонанд ва натиҷаҳои табобатро беҳтар кунанд. Мо мефаҳмем, ки кадом омилҳои дигар самаранокии химиотерапияро зиёд мекунанд.

Самаранокии табобати кимиёдармонӣ аз як қатор омилҳо вобаста аст, аз ҷумла: намуди омос, шиддатнокии он, марҳилаи беморӣ – барои баъзе омосҳо (саратони ҷигар, гадуди зери меъда), доруҳои кимиётерапевтӣ дар дозаҳои барои одамон бехатар амалан таъсир намерасонанд.

Пешрафти ояндаи тибби ҳастаи бо такмил додани ҳифзи радиатсионӣ дар радиоташхис ва радиотерапия, бо омӯзиши муфассали таъсири биологии афканишотҳои ионишӣ, бо эҷоди санҷишҳои назорати сифат барои рентгенография, флюроскопия ва маммография, бо такмил додани тачхизот ва техникаи усулхои рентгенологи, томографияи компютерй ва магнитӣ-резонансӣ, ултрасадо ва дигар технологияхои хозиразамон, ки дар ташхис ва табобати патологияхои узвхо ва системахои гуногун истифода мешаванд вобаста аст.

Хоҷаев Ю.П. -дотсенти кафедраи физикаи ҳаста