Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта (XX) дар собиқ иттиҳоди шуравӣ равандҳои сиёсӣ оғоз ёфтаанд, ки бо оғози демократикунонии ҷомеъаи шӯравӣ алоқаманд буданд. Дар воқеъ баъди барҳам хурдани иттиҳоди шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллат ва халқи тоҷик воқеаи муҳими таърихӣ гардид. Аммо дере нагузашта бо сабабҳои муташаниҷ гардидани вазъи сиёсии дохилии кишвар дар соли 1992 Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрванди табдил ёфт. Натиҷаи ин ҳодисаи таърихи ба иқтисодиёти кишвар даҳо сол зарар расонид.Дар соли 1992 бо ташаббус ва саъю кушиши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович, ки дар асоси қарори иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, дар муддати кутоҳ ҷанги шаҳрванди қатъ гардид. Ба парокандагии мардуми тоҷик аз рӯҳи нажоди хотима дода шуд, гурезагон ба макони истиқомати таърихии худ баргаштанд, ҳокимияти конституционӣ баркарор гардид, пошхурии давлати тоҷикон боздошта шуд, тамомияти арзии кишвар ҳифз гардид. Идеяи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки Раиси мамлакат ба миён гузоштааст, аз ҷониби тамоми миллату халқиятҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии васеъ пайдо кард.Бояд гуфт, ки таҳти роҳбари давлат 6-уми ноябри соли 1994 дар як давраи душвори иҷтимоию сиёси барои қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқи баргузор гардид. Барои нахустин бор дар ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ шуда, рамзҳои давлатии кишвар муайян карда шуданд.Инчунин бо шарофати сарвари давлат ва дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр саҳми бузург доранд. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ қайд мекунанд, ки “ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати заҳмат ва ормонҳои мардуми тоҷик, ки аз сиёсати роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар пуштибонӣ мекунанд, ба даст омадааст”. Яъне иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар нақши муҳими таърихӣ бозида, роҳи оянда ва сарнавишти миллати тоҷикро муайян кард.Хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории нав, эҳёи давлати милли, таъмини сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилали бебаҳс аст.Натиҷаи заҳматҳои азим ва заҳматталаби Пешвои миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан субъекти баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони буда, на танҳо дар ҳаёти байналмилали фаъолона иштирок менамояд, балки масъалаҳоеро пешниҳод менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони маъқуланд.Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми тоҷик муҳимтарин вазифаҳои стратегиро мураттаб гузоштаанд. Аз ҷумла: Беҳтар намудани зисту зиндагии аҳоли, Сол то сол баланд бардоштани музди мехнат, таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, тинҷию ороми, сулху субот дар кишвар.Ба шарофати иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлол аллакай бисёр комёбиҳо ба даст омадаанд ва аёнанд. Ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлолият бештар аз ирода, ҷасорат, суботкорӣ, устуворӣ, хирадмандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии Президенти кишварамон ба ҳисоб меравад.Дастовардҳои Тоҷикистон дар тули 34 соли истиқлолият ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзуда истодааст. Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзиро на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба бозорҳои кишварҳои шарик низ мерасонад. Дар Тоҷикистон корҳо оид ба беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ; азнавсозӣ ва сохтмони роҳи оҳан, шоҳроҳҳо, пулҳо, нақбҳо, иншоотхои истиқоматии баландошёнаи замонави анҷом дода шуданд ва идома дорад. Ин ба як минтақаи транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.Тоҷикистон имрӯз сиёсати мустақили дохилию хориҷиро пеш мебарад, манфиатҳои миллии Ҷумҳуриро дар арсаи геополитикӣ ҳимоя мекунад. Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар то 10 миллион нафар афзуда, сатҳу сифати зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар гардидааст.Айни замон дар Ҷумхурии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат, ҳукумати электронӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва инноватсия, рушди фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи” дар сатҳи баланд идома дорад.
Маҳмудов Изатулло н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ