ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

19

Тибқи барномаи соатҳои кураторӣ дар назди кафедра бахшида ба ҷашҳои таърихӣ соатҳои ДАРСИ КУШОД бо иштироки устодону донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқ ба барномаи мазкур санаи 08.05.2025 ДАРСИ КУШОД бо баромади мудири кафедра, дотсент Норматов З.С. ва донишҷӯён (Атабаева Райҳона – донишҷӯи курси 2-юм, Акбаршоева Кабисор – донишҷӯи курси 3-юм) дар мавзӯи «Рӯзи Ғалаба бар фашизм» баргузор гардид. Дар он мудири кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо, н.и.ф-м., дотсент Норматов З.С., д.и.ф.м., профессор Ҷӯразода Х.Ш., кураторон н.и.тех., муаллими калон Шарофӣ З.Ш., ва н.и.пед., муаллими калон Восидов Ш.Ю. иштирок намуданд.Дар рафти суханрониҳо мудири кафедра, дотсент Норматов З.С. ва донишҷӯён оид ба ин санаи муҳимми таърихӣ суханронӣ намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Воқеан боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанг дар баробарӣ фиристодани зиёда аз 300 ҳазор сарбозони далеру шуҷоъ ба фронт, инчунин бо таъмин намудани артиши Шӯравӣ ба либосу хӯрока барои пирӯз омадан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши ногусастание гузоштааст.Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад.Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.Аз ин лиҳоз, донишҷӯёни азизу устодони гиромӣ Шумо ва дар шахсияти шумоён тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 9 май аз самими қалб табрик гуфта, ба шумоён саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаатон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак бошад!

Норматов З.С.-мудири кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ​.