ДАРСИ КУШОД

109

Мувофиқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди устодони факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, санаи 05.05.2025 дарси кушоди муаллимаи кафедраи оптика ва спектроскопия, номзади илмҳои физикаю математкика, Давлатмамадова Саъбик дар мавзӯи “Қонуни фурӯбурди рӯшноӣ. Спектроскопияи фурӯбурд” баргузор гардид. Дарси кушод дар курси 3-юми ихтисоси 02050405-астрономия, гузаронида шуд. Дар раванди дарси кушод раиси шурои илмию методии факултет н.и.ф.м., дотсент Истамов Ф ва устодони кафедраи мазкур иштирок намуданд.