Мувофиқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди устодони факултети физикаи ДМТ имрӯз дар синфхонаи 311 аз ҷониби мудири кафедраи оптика ва спектроскопия Ҳодиев М.Ҳ., барои донишҷӯёни курси 2–юми ихтисоси 33010300-радиоэкология, дарси кушод аз фанни “Оптика” -мавзӯи “Моҳият ва истифодаи усулҳои рефрактометрии таҳлил дар соҳаҳои гуногун” баргузор гардид.Дар дарси мазкур раиси шӯрои илмию методии факултет, ҷонишини декан оид ба илм ва иноватсия, устодони кафедраҳои факултет иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дарси Ҳодиев М.Ҳ., бо маҳорати хуби педагогӣ гузаронида шуд. Омӯзгор ҳангоми баёни мавзӯи дарс ба пайдарҳамии мантиқии дарс диққати калон дода бо забони бурро ва ширини тоҷикӣ сухан меронд. Раванди мустаҳкамкунии дарс хуб ба роҳ монда шуда, дарс аз ҷиҳати методӣ дуруст ташкил карда шуд.