Тибқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди устодони факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, санаи 27.03.2025 дарси кушоди дотсенти кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, система ва шабакаҳо Маҳмудов Изатулло дар мавзӯи “Микроконтролерҳо ва нақши онҳо дар техникаҳои зеҳни сунъӣ ва робототехника” барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-40020100 – мошинҳои ҳисоббарор, система ва шабакаҳо гузарони шуд.Дар раванди дарси кушод устод Маҳмудов И.Ш. сараввал ба донишҷӯён дар бораи мафҳуми зеҳни сунъӣ ва нақши он дар ҷомеъаи имрӯза, инчунин истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар самтҳои гуногуни илму техника ва хоҷагии халқ маълумотҳои назариявӣ ва амалӣ пешниҳод намуд. Маҳмудов И.Ш. дар суханронии худ қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ маҳсули зеҳни асосии худи инсон мебошад, яъне бо истифода аз компютерҳои муосир одам ин технологияро тарҳрезӣ ва коркард менамояд. Технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ҳалли баъзе масъалаҳо нисбат ба одам садҳо маротиба пуриқтидортар буда, метавонанд масъалаҳои мубрами ҳаёти рӯзмаъраи инсон ва ҷомеъаро ҳал намоянд.Дар хулоса устод Маҳмудов И.Ш. қайд намуд, ки омӯзиши технологияҳои зеҳни сунъъ, техникаҳои рақамӣ ва техникаҳои системаҳои идоракунанда (робототехника) барои донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисии (IT-технология) муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.Дар раванди баргузории дарс, мудири кафедраи мазкур н.и.ф-м., дотсент Норматов З.С., раиси Шурои методии факултети физика, н.и.ф.м., Истамов Ф.Х. мудири кафедраи физикаи умумӣ, профессор Ақдодов Д.М., н.и.тех., муаллими калон Асомиддинов З.Ш. ва н.и.ф.м., муаллими калон Каримов З.Д. иштирок намуданд.
Домой Ахбор