ДАРСИ КУШОД

23

Мувофиқи нақшаи баргузории дарсҳои кушоди устодони факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 10.12.2024 дарси кушоди дотсенти кафедраи физикаи назарявӣ Одилов Одинашо барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-31040200 – радиофизика ва элнктроника, дар мавзӯи «Назарияи статсионарии ошубҳо» баргузор гардид.Дар дарси мазкур профессорон Солиҳзода Д., Махсуд Б.И. ва устодони кафедра иштирок намуданд.Мақсади асосии багузор намудани чунин дарсҳои кушоди намунавӣ аз он иборат аст, ки устодони камтаҷриба ва ҷавон маҳоруту малакаи педагогиву психологии устодони собиқадорро пайгирӣ намуда, роҳҳои дурусти муосири баёни мавзуъҳо ва истифодаи дурусти вақтро омузанд.