ДАРСИ КУШОД

256

Аз фанни «Метрологияи амалӣ ва қонунгузор» Мавзуъ: «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ». Мавқсадҳо ва принсипҳои асосӣ: Таҳия, тасдиқ ва истифодабарии стандартҳо» Курси 3-юми ихтисоси 1-54010104 – метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, Устод: Соибов А.А. Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи стандартонӣ, принсипҳои асосии стандартонӣ, ҳуқуқу eҳдадориҳои иштирокчиёни корҳои оид ба стандартониро дар ҶТ танзим намуда, ба таъмини сиёсати ягона дар ин соҳа равона гардидааст. Қонун аз 4 боб ва 20 модда иборат мебошад. Боби 1. Муқаррароти умумӣ ном дошта, аз 4 модда таркиб ёфтааст. Мафҳумҳои асосии қонун – стандартонӣ, стандарт, объектҳои стандартонӣ, стандарти давлатии ҶТ, стандарти минтақавӣ (байнидавлатӣ), стандарти байналмилалӣ мебошанд. Мақсадҳои стандартонӣ аз инҳо иборатанд:

• Таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии инсон ва шаҳрванд, ҳайвонот, ратсанӣ ва ҳифзи муҳити зист;

• Таъмини сифату бехатарии маҳсулот ва ҷараёнҳои ба он вобаста, иҷрои кор ва хизматрасониҳо;

• Рушди истеҳсолот ва савдои мол бо таҳияи стандартҳо ва ҳуҷатҳои стандартонии бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳангшуда;

• Мусоидат намудан ба баланд бардоштани қобилияти рақобатпазиирии маҳсулоти ватанӣ; • Мусоидат намудан ба пешрафти илмӣ-техникӣ;

• Бартараф намудани монеъаҳои техникӣ дар савдо;

• Ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон;

Ба ҳайси ваколатдор оид ба стандартонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Агентии «Тоҷикстандарт»-и назди Ҳукумати ҶТ таъин гардидааст.