ДАРСИ КУШОД

527

Санаи 26.10.2023 тибқи ҷадвали дарсҳои кушод дар кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дарси кушоди доктори илмҳои физикаю математика, профессор Абдуллоев Ҳ.М., барои курси 1-уми ихтисоси 1-54010104 – метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, аз фанни Механика дар мавзӯи “Қонунҳои Кеплер ва мадори ҳаракати сайёраҳо” баргузор гардид. Дар рафти дарс устод ба донишҷуён доир ба қонунҳои Кеплер ва мадори ҳаракати сайёраҳо маълумотҳо пешниҳод намуданд. Дар дарси кушод раиси Шӯрои илмӣ-методии факултети физика дотсент Истамов Ф.Х., мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт дотсент Шаимов Э.Ҷ., муовини декан оид ба таълим Авази Мирзо, ва устодони кафедраи мазкур иштирок намуданд.