80 СОЛИ ПУРШАРАФ

289

Баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду пешрафти тамоми соҳаҳо аҳамияти калонро зоҳир намуда истодааст. Яке аз онҳо соҳаи маориф буда, ба он диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Дар ин ҷода бисёр корҳои назаррас иҷро гардида ва чанд санаду барномаҳои давлатӣ амалӣ гаштаанд. Аз ҷумла солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудааст, ки он тамоми намоядагони илму маориф ва зиёиёнро водор мезозад, ки дар амалӣ гаштани ин ҳадаф камари ҳимат банданд. Тамадуни дунё дар ҳама давру замон тавассути меҳнату заҳмат ва ҷонбозию фидокориҳои фарзандони фарзонаи миллату халқиятҳои худ рушду такомул ёфтааст. Фарзонафарзандони миллати тоҷик низ дар ҳама давру замон саҳмгузори рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ буданд ва мебошанд. Хусусан, нобиғагони илму маърифат ва донишмандони соҳибистеъдоди халқи тоҷик, ки дар ин роҳи муқаддас ранҷу заҳмат кашидаанд ва асрори ниҳонии паҳлӯҳои мухталифи илми тоҷикро кушода ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд, шӯҳрату манзалати ин миллати кӯҳанбунёдро дар таърихи тамадун афзун гардонидаанд.

Дар замони муосир низ хушбахтона олимону маорифпарвароне ҳастанд, ки дар рушди ҷомеа, илму фарҳанг ва такомули ин ё он соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ заҳмат мекашанд. Аз зумраи чунин маорифпарварони қарн, олими забардаст, инсони комилу нексиришт, шахси кордону ҳалолкор, устоди бузургмеҳр ва марди фозилу соҳибмактаб академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Саидмуҳамад Одинаев мебошанд. Тамоми умри бобаракати хешро ин олими маъруф баҳри хизмат кардан ба мардум бахшидаасту қуллаҳои баланди камолоти илмиро фатҳ намудаанд. Устод Саидмуҳамад Одинаев 19-уми октябри соли 1942 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудаанд. Соли 1965 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси ассистент оғоз намудаанд.

Солҳои 1966-1967 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намуда, пас аз адои хизмат аввал ходими хурди илмӣ ва баъдан ходими калони илмии шӯъбаи физикаи нариявии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардаанд. Солҳои 1971-1974 дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси физикаи назариявӣ таҳсил намуда, соли 1983 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Киев ба номи Т.Г.Шевченко рисолаи номзадиашро дифоъ намудаанд. Солҳои 1988-1996 фаъолияти илмӣ-педагогиашро ба ҳайси дотсенти кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин давом додаанд. Соли 1995 рисолаи докториашро дифоъ намудаанд. Солҳои 1999-2001 ба ҳайси директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2005 ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникииТоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, аз соли 2005 то 2008 дар вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2016 дар васифаи ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) фаъолият намудаанд. Аз моҳи декабри соли 2016 то ҳол сарходими илмии сектори физикаи назариявии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон профессори кафедраи физикаи назариявии ДМТ мебошанд.

Устод С. Одинаев дар илми муосири физика яке аз олимони варзидаи соҳаи назарияи статистикии моеъҳо эътироф гардида, бо тадқиқоти илмӣ, татбиқи натиҷаҳои илмӣ ва методҳои пешниҳоднамудаи худ доир ба таҳқиқи сохтори микроскопии муҳитҳои конденсӣ дар байни олимони соҳаи физикаи давлатҳои муштаракулманофеъ ва хориҷи шинохта шудаанд. Тадқиқоти илмии бисёрсолаи Устод ба рушди назарияи молекулавӣ-кинетикӣ, омӯзиши сохтор, ҳодисаҳои интиқол ва таҳқиқи хосиятҳои чандирию акустикии моеъҳо ва маҳлулҳои электролитӣ бо назардошти саҳми равандҳои релаксатсионӣ бахшида шудаанд, ки натиҷаи онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи дунё нашр шуда, эътирофи умум гардидаанд. Натиҷаи корҳои илмии Устод барои пешгӯӣ ва таҳлили миқдории маълумотҳои таҷрибавӣ дар соҳаҳои гуногуни физикаи моеъҳо дастоварди калон мебошад. Натиҷаи пажӯҳиши илмиашон дар зиёда аз 300 маводи илмӣ, 2 монография ва 5 васоити таълимӣ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ интишор гардидаанд. Устод борҳо бо баромадҳои илмии худ илми физикаи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.

Асарҳои Устод бо забонҳои гуногун дар кишварҳои хориҷии дуру наздик чун Русия, Олмон, Фаронса, Лаҳистон, Украина, Эрон, Голландия, Казоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва ғайра нашр шудаанд. Ҳамчунин Устод борҳо ба ҳайси узви кумитаи илмии конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ, умумииттифоқӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ интихоб гардидаанд. Саҳми Устод дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос калон аст. Таҳти роҳбариашон 2 нафар рисолаи докторӣ ва 7 нафар рисолаи номзадиpo ҳимоя кардаанд. Устод С. Одинаев солҳои 2003-2007 раиси Шӯрои диссертатсионии Комиссияи Олии Атестатсионии Федератсияи Россия доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ буданд. Устод С. Одинаев ғайр аз корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин фаъолияти назарраси омӯзгорӣ бурда, ҳамчун профессори кафедраи физикаи назариявӣ дар факултети физика аз фанҳои физакаи назариявӣ ва курсҳои тахассусӣ дарс хонда, ба рисолаҳои дипломии донишҷӯён, магистрон ва докторантҳои PhD низ бевосита роҳбарӣ менамоянд.

Бо ташаббуси Устод аз соли 1975 дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ барои хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ «Мактаби физикони ҷавон» ташкил карда шуд, ки пайваста бо хонандагон машғулиятҳо гузаронида мешуданд. Устод С. Одинаев дар давраи ба ҳайси ректори ДМТ (2005-2008) фаъолият карданашон, нерӯи созандаи ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллиро барои татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Давлату ҳукумат равона намуда, ҷиҳати муназзам гардонидани корҳои таълимию методӣ, тарбиявию иҷтимоӣ, илмию таҳқиқотӣ ва хоҷагию молиявӣ аҳли Донишгоҳро сафарбар намуданд. Устод С. Одинаев аз соли 1994 аъзои Академияи илмҳои Ню-Ёрк буда, соли 2001 аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004 аъзои ҳақиқии Шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи байналмиллалии мактабҳои олӣ ва соли 2008 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд. Номбурда аз соли 2005 то 2010 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Устод аъзои Президиуми комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои бюрои Шӯъбаи илмҳои физика-математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ, аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Гузоришҳои АИ ҶТ» ва «Ахборот»-и АИ ҶТ (бахши илмҳои физика-математика, химия, геология ва техника), аъзои комиссияи ҳамкориҳо бо МАГАТЕ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои диссертатсионии Комиссияи Олии Атестатсионии Федератсияи Русия доир ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар назди ДМТ, аъзои Шӯроҳои диссертатсионии Комиссияи Олии Атестатсионии назди Презеденти ҶТ дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгохи миллии Точикистон ва Донишгохи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошанд. Барои дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти самараноки меҳнатиашон, Устод С. Одинаев соли 2004-ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф–II» ва соли 2019 бо унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудаанд. Зимни кор ва фаъолияти меҳнатиашон, Устод худро ҳамчун олими нуктасанҷу сермаҳсул, омӯзгори соҳибтаҷриба ва мутахассиси варзида нишон додаанд. Ӯ ҳамчун роҳбари поквиҷдон ва ташкилотчии хуб нисбат ба худ ва кормандон серталаб мебошанд.

Воқеан Устод Саидмуҳамад Одинаев яке шахсони хушбахтаринанд, ки умри бобаракати худро сарфи тарбияи мутахассисон карда, ҳамчун донишманд ва устоди варзидаи соҳаи физикаю математика маҳбуби аҳли илму маорифи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва берун аз марзи он гаштаанд. Ҳайати кормандон ва устодони факултети физикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Устоди азиз Саидмуҳамад Одинаевро ба муносибати 80-умин солгарди пурфайзу бобаракати умрашон аз самими қалбҳои саршор ва меҳру вафо, муҳаббату садоқат табрику таҳният намуда, бароятшон сиҳатию саломатӣ, чеҳраи хандон, хушбахтӣ, комрониву сарфарозӣ ва дар фаъолияти самараноки меҳнатиашон баҳри гул-гул шукуфии илму маорифи кишвар комёбиҳоро таманно мекунанд. Ба Устоди арҷманд офияти комил, саодатмандӣ ва муваффақиятҳоро орзӯ менамоем.

Қодирзода З.А. – декани факултети физика, Комилов Қ. – профессори кафедраи физикаи назариявӣ, Ақдодов Д.М. – мудири кафедраи физикаи умумӣ Одилов О.Ш. – мудири кафедраи физикаи назариявӣ, Зарифзода А.Қ. – дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ.