Факултети физика яке аз факултетҳои куҳантарини донишгоҳ ба ҳисоб рафта, он 1949 ҳамчун факултети физикаю математика таъсис ёфтааст. Соли 1964 факултети физика аз таркиби факултети физикаю математика ҷудо шуда, ба сифати факултети мустақил то кунун фаъолият дорад.
Факултет айни ҳол маркази пурқуввати таълимию илмӣ ва муҳандисӣ буда, 594 донишҷӯ аз ин 271 буҷавӣ, 65 нафар профессорону устодонро муттаҳид мекунад, ки дар байни онҳо 15 докторҳои илм, профессорҳо, 36 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 3 нафар Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Ба сохтори факултет кафедраҳои зерин шомиланд:
Физикаи ҷисмҳои сахт (мудир, н.и.ф.-м., дотсент Қодиров Р.);
Физикаи назариявӣ (мудир, н.и.ф.-м., дотсент Одилов О.Ш.);
Физикаи умумӣ (мудир, д.и.ф.-м., дотсент Ақдодов Д.М.);
Оптикаю спектроскопия (мудир, н.и.ф.-м., дотсент Файзиева М.Р.);
Физикаи ҳаста (мудир, д.и.ф.-м., профессор Махсудов Б.И.);
Методикаи таълими физика (мудир, н.и.ф.-м., дотсент Истамов Ф.Х.);
Электроникаи физикӣ (мудир, н.и.ф.-м., дотсент Ҳамроқулов Р.);
Астрономия (мудир, н.и.ф.-м., Сафаров А.);
Мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо (мудир н.и.ф.-м., дотсент Норматов З.С).
Дар факултет аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр карда мешавад: физика; астрономия; радиофизика ва электроника; мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо; метеорология ва климатология; метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, радиоэкология.
Хатмкардагони болаёқат имконияти давом додани таҳсил ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотиро доир ба мавзўъҳои актуалӣ дар аспирантура доранд. Ҳамчунин донишҷўён, аспирантон ва номзадҳои илм аз ҷумлаи ҷавонон барои иҷрои корҳои дипломӣ, аспирантура ва коромўзӣ ба марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.
Хатмкардагони факултет воқеан дар ҳамаи ҷабҳаҳои давлатӣ ва хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи кишвар бомуваффақият фаъолият доранд. Системаи маориф, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, микроэлектроника, наноэлектроника, радиотехника, системаҳои алоқаи мобилӣ, технологияи компютерӣ аз ҷумлаи онҳост. Хатмкардагони факултет имрўзҳо дар вазоратҳову донишгоҳҳо ва пажўҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ самаранок фаъолият мекунанд: Раҳимов Ф.Қ. – президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ, д.и.ф.м., профессор; Муминов Ҳ.Ҳ.– ноиб-президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ, д.и.ф.м., профессор; Марупов Р.М. – академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор; Абдурасулов А.А. – собиқ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, н.и.ф.м., дотсент; Мақсудов А. – собиқ директори Институти политехникии (ш. Хуҷанд) назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, н.и.ф.м., дотсент; Одинаев С. – академики АИ ҶТ, д.и.ф.м., профессор; Холмуродов Х.Т. – мудири сектори Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии ш. Дубнаи Федератсияи Русия; Сарҳадов И. – ходими пешбари илмии Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии ш. Дубнаи Федератсияи Русия ва дигарҳо. Профессорон Ҳакимов Ф.Х., Нарзиев Б.Н., Бобоев Т.Б., Абдуллоев Ҳ.О. бо унвони Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, дотсент Нарзиев Ҳ.Н. бо унвони корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдуллоев Ҳ.М. ва дотсент Саъдуллозода Ҳ. бо ордени «Шараф» сарфароз шудаанд.
Таҳқиқотҳои илмӣ дар 9 кафедраи факултет аз рўи 4 самт, 9 масъала ва 10 мавзўъҳои илмӣ иҷро мегарданд. Дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тамоми устодон, аспирантҳо ва кормандон иштирок менамоянд. Донишҷўёни факултети физика дар олимпиадаҳо иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишѓол менамоянд. Дар факултет маҳфилҳои илмии донишҷўён фаъолият мекунанд. Факултет бо донишгоҳ ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Русия, Украина, Қазоқистон, Беларус, Эрон ва гайраҳо ҳамкории илмӣ дорад.
Факултети физика ба донишҷўён тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, то ки онҳо соҳиби донишҳои амалию назариявии мукаммал дар соҳаи физика, астрономия, радиофизикаю электроника ва технологияи компютерӣ гардида, мутахассиси болаёқат шаванд.