ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

54

Имрӯз (5.11.2024) тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Сараввал сухани муқадимавиро декани факултет,н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А. оғоз намуда, ҳозиринро ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Баъдан дар кори семинар устоди факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонн.и.таъ., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ Шарофидинов Сӯҳроб ва муалллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи ДМТ Мирзоалиев Иззатуллоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд

Ҳамзамон, дар чорабинӣ Солиҳзода Д.Қ. д.и.ф-м., професори кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ бахшида 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ суханронӣ намуд.

Дар ин чорабинии мазкур устодону кормандон ва донишҷӯёни факулта иштирок доштанд.