Ҳукумати кишвари мо соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок шуморида вобаста ба ин масъала иқдомҳои саривақтии таъхирнопазир андешидааст. Иқдоме, ки пурра бозгӯи ба илмҳои бунёдӣ ва вусъат бахшидани тафаккури техникии ҷомеа равона карда шудааст, ин эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040» мебошад, ки дар паёми солонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли илму маориф чунин гуфта буданд: «…ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд». Дар ин замина китоби «Амсиласозии компютерӣ дар физика ва астрономия»-и устодони факултети физикаи ДМТ, Асомиддинов Зайниддин Шарофович, Махсуд Барот Исломзода, Сафаров Абдулҷалол Ғафурович ва Каримов Зоир Давлатбегович аз чоп баромад. Китоб дар асоси матни лексияҳо ва корҳои илмии солҳои тӯлонӣ дар факултаи физикаи ДМТ хондаи муаллифон ба донишҷӯён омода карда шудааст. Китоб пурра ба раванди таълим ворид гашта, муаллифон онро ба донишҷӯёни ихтисосҳои «Мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо», «Физика», «Астрономия» ва «Радиоэкология»-и факултети физикаи ДМТ мехонанд. Китоби мазкур на танҳо барои донишҷӯён ва устодон, инчунин ба тамоми дӯстдорони илм, муҳаққиқони ҷавон, унвонҷӯён ва устодоне, ки бо амсиласозии компютерӣ сару кор доранд, тавсия мешавад.