ЧОПИ МОНОГРАФИЯ

163

Бахшида ба 75 солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар асоси нақша чорабиниҳо Бахшида ба 20-солаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дарсоҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) аз ҷониби Давлатмамадова С.Ш-н.и.ф.-м., муаллими калони кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ монографияи илмӣ бо номи “Спектральные особенности природных органических соединений (на примере дикорастущих растений)” аз чоп баромад.Дар монография таъсири шароити сабзиши беруна (таркиби химиявии хок, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва шароити иқлим), майдонҳои гуногунии физикӣ (афканишоти лазерии интенсивияташ паст ва майдони магнитӣ) ба ташаккулёбии хосиятҳои физикию химиявӣ, хусусиятҳои спектралӣ ва энергияи таъсири байни молекулии пайвандҳои гидрогении пайвастагиҳои табии органикӣ (дар мисоли растаниҳои худрўй) омўхта шудааст. Ҳисоби рақамӣ ва шарҳи спектрҳои ИС-и инулин ва эфедрин, ки қисматҳои таркибии қоқу ва зағоза мебошанд, гузаронида шудааст.Монографияро донишҷӯён ва муҳаққиқони тахассусии бахшҳои «физикаи муҳитҳои конденсӣ», «физикаи тиб», «фармакология», «дорусозӣ» ва ғайра метавонанд истифода намоянд.