ЧЕНАКҲОИ КАЙҲОНӢ

7

Дар сатҳи Замин барои чен намудани масофаи байни минтақаҳои гуногун аз воҳидҳои дарозии: километр, мил ва ғайра истифода мебаранд. Азбаски масофаи байни ҷирмҳои Системаи офтобӣ, масофаи байниҳамдигарии ситораҳо ва галактикаҳо хеле зиёд аст, ин ченакҳои номбаршуда кифоягӣ намекунанд ва ҳангоми ченкунии масофа мушкилотҳо пеш меояд. Бинобар ин аз ченакҳои масофавии кайҳонӣ: воҳиди астрономӣ (в.а.), соли рӯшноӣ ва парсек истифода мебаранд.ВОҲИДИ АСТРОНОМӢБа сифати 1 воҳиди астрономӣ (1 в.а.) масофаи миёнаи байни Офтобу Заминро қабул кардаанд, ки он ба 149 600 000 км ё тақрибан ба 150 млн. км баробар аст.СОЛИ РӮШНОӢ 1 соли рӯшноӣ масофаест, ки онро рӯшноӣ бо суръати 300 000 км/с дар муддати як соли заминӣ мепаймояд. 1 с.р. ба 9 470 000 000 000 км (тақрибан 9,5 триллион км) ё 63 114 в.а. баробар аст.ПАРСЕК1 парсек (пс) ба 3,26 соли рӯшноӣ ё ба 206 265 в.а. баробар аст. 1 парсек тақрибан ба 31 триллион км баробар аст.Мисол. Масофа аз Офтоб то ситораи наздиктарин – Проксима Сентавр ба 1,33 парсек, 4,3 соли рӯшноӣ, 271 000 в.а. ё ин ки ба 40 700 000 000 000 км ( 40,7 триллион км) баробар аст.