Дар факултети физикаи ДМТ вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид. Дар оғоз декани факултет, дотсент Қодирзода, бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба дастовардҳо, раванди таълим ва корҳои дар самти таҳсилу тарбия анҷомёфта маълумоти мухтасар пешниҳод кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарияти факултет вобаста ба низоми таълим, назорати дониш, ҳузури донишҷӯён дар дарсҳо, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, пешгирии дермонӣ, иштироки ҳатмии онҳо дар машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва дарсҳои ҳарбӣ, инчунин имкониятҳои илмӣ-тадқиқотии факултет маълумоти муфассал ироа намуд.
Илова бар ин, масъалаҳои муҳими рӯз — аз ҷумла пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби худогоҳии миллӣ, риояи низому интизом, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои факултет, ҳамчунин иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ — мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавзуи ҳамкории мунтазам бо волидайн ва роҳҳои беҳтар намудани ҳамгироии «факултет — донишҷӯ — оила» низ ҳамчун яке аз самтҳои муҳим таъкид карда шуд.
Дар қисмати хотимавӣ миёни роҳбарият и волидайн суҳбати озоду созанда баргузор гардида, саволҳо, пешниҳодҳо ва андешаҳои онҳо шунида ва муҳокима шуданд.
Факултет минбаъд низ чунин вохӯриҳоро мунтазам роҳандозӣ намуда, барои таҳкими робитаи наздик бо волидайн ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи донишҷӯён талош хоҳад кард.








