БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ

927

Вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040 баҳри баланд шудани сифати таълим зарурати ҳар чӣ бештар таҷдиди назар кардани барномаҳои таълимӣ ва ҳамқадами замона гардонидани онҳо ба миён меояд. Китоби барномаҳои таълимии ба нашр расида, барномаҳои таълимии ихтисосҳои даҳ кафедраи факултетро дар бар мегирад. Барномаи таълимӣ ба Барномаи таҳсилоти олии касбии Ҷумњурии Тоҷикистон самти «Илмҳои физикавӣ», ки аз тарафи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2017 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.Барномаҳои таълимӣ ҳам барои гурӯҳҳои тоҷикӣ ва ҳам барои гурӯҳҳои русӣ навишта шудаанд. Устодон дар асоси ин барномаҳо силлабусҳои худро таҳия карда, раванди таҳсилотро идора карда метавонанд. Пайдарпайии мавзӯъҳо дар барномаҳо риоя гардидаанд. Дар барнома кулли мавзӯъҳо ба талаботи замона мувофиқ карда шудааст. Барномаҳои таълимӣ аз 576 саҳифа иборат мебошад. Муаллифони барномаҳо дар интихоб ва баёни мавзӯъҳо, алоқамандии назарияи физика бо амалия кушиши зиёде ба харҷ додаанд. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик дар асоси ин барномаи таълимӣ китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва васоити таълимӣ навишта шуда, ба чоп пешниҳод карда мешаванд. Дар асоси Барномаҳои мазкур барномаҳои корӣ (силлабусҳо) тартиб дода шуда бо қарори кафедра ва Шурои илмӣ-методии факултети физикаи ДМТ тасдиқ гардида, дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ин Барномаҳо кафедраҳои дигар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтисосҳои физикӣ ва ғайрифизикӣ, ки тадриси фанҳои физикӣ дар онҳо тибқи нақшаи таълимӣ пешбинӣ шудааст, бо салоҳдиди худ истифода карда метавонанд.

Садорати факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон