Санаи 03-юми апрели соли 2023 соати 10:00 дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети физика ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодон ва кормандон дар факултети физикаи Донишгоҳи миллӣ лексияи д.и.ф.-м., профессор, декани факултети табиатшиносии Донишгоҳи Ҷанубу Ғарбии Россия Ряполов Петр Алексеевич, ки ба ҳайси муқарризи расмӣ дар ҳимояи рисолаи доктории Зарифзода Авзалшоҳ Қаҳрамон таъин шуда буданд, ки дар доираи маҳфили «Зеҳн» дар мавзӯи «Магнитожидкостные системы при магнитных и акустических воздействиях» баргузор гардид. Дар ин маҳфил устодон, кормандон, ва донишҷӯён иштирок варзиданд. Дар фарҷоми суханрони ба маърузачи саволҳо аз ҷониби устодон ва донишҷӯён пешниҳод гардиданд, ки ба ҳар яко яки саволҳо посухҳои дуруст бо мисолу масъалаҳо ҷавобҳои мушахас аз ҷониби маърӯзачи гирифта шуд. Маҳфил дар сатҳи баланд барпо гардид.