БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

68

Дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва дастгирию пуштибонии мардуми сулҳпарвару ваҳдатпешаи Тоҷикистон дар марзу буми аҷдодии мо суботу оромӣ ва сулҳу озодӣ ҳукмрон аст, аммо вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Албатта, ин ҳолат аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос будани ҳар фарди солимақли мамлакатро дар ҷодаи бо ҳисси баланди инсондӯстию меҳанпарастӣҳифозат ва арҷгузорӣ намудани фарҳанг, забон, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ тақозо менамояд.

Бо мақсади пешгирӣ, мубориза бар зидди падидаи номатлуб-терроризм ва тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯён вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ имрӯз (31.01.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи КДАМ бо донишҷӯёни курси дуюми факултетҳои иқтисод ва идора ва физикаи Донишгоҳ доир гардид.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ беназир аст. Ҳифз доштани озодиву Истиқлол вазифаи ҳамешагии мо мебошад. Иброз дошта шуд, ки ифротгароӣ ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар инсони комил мебошад. Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад».

Тоҷикистон дар мубориза ва пешгирии терроризму ифротгароӣ дар сафи пеш қарор дошта, бо сиёсати устувор дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Аз ин рӯ, доштани донишҳои комили ҳуқуқию сиёсӣ ва фарҳанги баланди ватандӯстию хештаншиносӣ вазифаи мо баҳри ҳифзи Ватани азизи хеш – Тоҷикистон мебошад.