
Субҳи имрӯз (11.10.2025) бо иштироки устодону кормандони факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими неруи ҷисмонӣ ва боло бурдани руҳияи ҳамкориву дӯстӣ миёни устодон роҳандозӣ шудааст.
Баъд аз анҷоми машқҳои пагоҳирӯзӣ, бозии дӯстонаи футбол миёни дастаҳои устодони факултет баргузор гардид, ки дар фазои самимӣ ва руҳияи варзишӣ сурат гирифт.