ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

109

Як қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупову Амрико ва Русия таҳсили худро идома дода истодаанд. Қисме аз ҷавонон то имрӯз дар пешрафти соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расониданд. Махсусан, заҳмати Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои хуб бор овард. Бояд қайд намуд, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсиву геополитики хеш аз ин гурӯҳ самаранок истифода менамоянд. «Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ барои ҳокимият ва ҳукумат метавонад ҳамчун қувваи ҳимоятгар, таҳрикдиҳанда ва ё муқовиматкунанда аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто шахсони алоҳида истифода гарданд». Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди соли 2016-ро эълон намудани «Соли ҷавонон» дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бисёр бамаврид ва муҳим мебошад. Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд ва ба сӯи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Барои ин кор, албатта заҳмату кӯшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад. Зеро, имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. ​Аммо, баробари ин то замоне агар мо низоми таълиму тарбияро ҷиддӣ ва сахт нагирем, ҳамаи ин меҳнатҳо натиҷаю самараи хуб ба бор намеорад, яъне масъулини соҳаи маориф ва устодони азиз бояд содиқона меҳнат намуда, вазифаи муқаддаси хешро дар назди насли имрӯзу фардои ватан иҷро намоянд. Албатта, аз як нигоҳ ба роҳ мондани низоми нав кори бисёр душвор ва дар шароити кунунӣ номуносиб ба чашм мерасад, вале баъди амалӣ кардани он, натиҷаи кори низоми нав ҳатман ба манфиати давлату ҷомеа хоҳад буд. Ва ғайри он, дигар роҳҳо танҳо аз даст додани вақт, нодида гирифтани мушкилоти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар шароити торафт доман пахн намудани ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии маънавӣ ва муносибати содиқонаи давлат, аҳли ҷомеа, волидайн ба ҷавонон ин камтарин хизмат ба ин насл буда метавонад. Дар ин маврид таъкиди Президенти кишвар дар Паёми имсола худ оиди дастгирии шогирдон (ҷавонон) аз ҷониби устодон ва насли калони ҷомеа бисёр нуқтаи бомаврид ва саривақтист ва меарзад, ки насли бузургсол аз ин гуфтаҳо хулосаҳое дуруст бароварда бошанд, то насли имрӯза дар оянда бо некӣ аз гузаштагони худ ёд бикунанд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд. Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Ҳамасолаи рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд. Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд. Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозад.

Муаллими калони кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ н.и.ф.-м. Ш. Давлатҷонова