ҲАВАСМАНДСОЗИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ҶАЛАСА

460

Санаи 12.10.2020 ҷаласаи Раёсати ДМТ баргузор гардид. Дар аввал ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯёни зерини донишгоҳро барои фаъолона иштирок намудан дар даврҳои гуногуни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мукофотпулӣ ҳавасманд намуд.

Мафтуна Бобоева – донишҷӯи курси 1-уми факултети биология, Шоҳзод Фузайлов – донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих, Маҷидзода Зафар – донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ, Ҷасур Абдусатторов – донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ, Раҷабзода Бунёд – донишҷӯи соли 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, Аҳмадҷон Шафиев – донишҷӯи соли 3-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ, Қурбонзода Шаҳодати Рустам – донишҷӯи курси 1-уми факултети филология, Мавлуда Пирова – донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи рус ва Шукрона Расулова – донишҷӯи курси 4-уми факултети журналистика.

Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.