АСОСҲОИ КОРИ ШАБАКАҲО

64

Дар факултети физикаи ДМТ семинар дар мавзуи «Асосҳои кори шабакаҳо» доир шуд.

Ҷаласаро декани факулет, дотсент Қодирзода Зафар Абдуламин кӯшода, иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва амалӣ намудани қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, №17/2 “Оид ба табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар” дар доираи созишномаи тарафайн бо донишгоҳи Даугавпилси давлатии Литва Каримзода Парвиз Шуҳрат аз 10.01.2024 то 20.07.2024. ба давлати Литва сафарбар гардид. Каримзодла Парвиз дар ин муддат ба омӯзиши барномасозӣ машғул гардида, дар заминаи барномаҳои савияи олии С++, PHP, JAVA, як қатор барномаҳо сохтааст.

Маврид ба зикр аст, ки донишгоҳи Даугавпилси давлатии Литва яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешқадам дар самти омода намудани мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, таҳсил дар Донишгоҳ бо забонӣ англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо назардошти натиҷагирӣ аз таҳсил дар Донишгоҳи мазкур Каримзода П.Ш. дар мавзуи «Асосҳои кори шабакаҳо» баромад намуда, оид баистифодабарии криптогафия дар самти пайвастагиҳои байнишабакавӣ, бехатаргардонии роҳҳои ҷустуҷӯӣ дар шабакаҳо, таъминоти барномавии намудаш зараровар, бо истифода аз слайдҳо маълумотҳои муфассалро пешниҳод намуд.