ҶАШНИ САДА

423

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории Шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард.

Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ шуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки иди Сада баъд аз асрҳои 12-13, агарчи то як муддате аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми тоҷик нишонаҳои он боқӣ монда, то имрӯз бо тобишҳои гуногун ҷилва мекунад. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» – и безаволи худ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат дода, мефармояд:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017 зикр гардида буд, ки: «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Бояд гуфт, ки дар замони Шуравӣ халқи бофарҳанг ва бонангу номуси миллати тоҷик, бо вуҷуди ин ки 70 сол фарҳангу тамаддун, забону одобу рафтори шуравиро иҷборан дар кишвари худ ривоҷу равнақ медоданд, ғайрату ҳиммати тоҷикона ва руҳу равони миллӣ боис гардид, ки фарҳангу тамаддун, расму оин, забону ҳунари ниёгони худро то ба имрӯз ҳифз карда, ба насли баъдии худ ба мерос гузоранд.

Парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар расман таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, дар сатҳи Ҳукумат ҷашни Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми январ соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба ин сана табрику таҳният намуда, ҳамзамон ба сарфакорӣ даъват намуд. Ин табрикоти Пешвои миллат шаби 29-уми январи соли 2018 аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахш шуд. Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» бошад, дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «Сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё шумораи сад аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода мекунад. Бо шарофати фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.

Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба насли оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад. Ҳамчунин, шоир ва файласуф Умари Хайём пайдоиши ҷашни Садаро ба замони Афредун нисбат дода, дар «Наврӯзнома» чунин зикр намудааст: «Афредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигирифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз оини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд». Ҳамчунин, дар бораи бунёнгузори ин ҷашн ҳам назари ғолиб бар Ҳушанг – дувумин шоҳи силсилаи Пешдодиён, набераи нахустин шоҳ – Каюмарс ва фарзанди Сиёмак далолат мекунад. Аҳёнан, ин ҷашн ба Фаридун низ нисбат дода шудааст, ки дар ин хусус дар «Фарҳанги асотир» баён шудааст.

Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассалтар ва пурмаънотар, аз он маълумотест, ки дар ҳамин китоб дар бораи Наврӯз ва Меҳргон омадааст. Агар дар хусуси зуҳури он ду ҷашни бузург шоир ба даҳ то чордаҳ байт иктифо карда бошад, дар хусуси зуҳур ва оғози ҷашни Сада шумори адабиёт хеле бештар аст ва гузашта аз ин, дар хусуси он боби махсусе дар «Шоҳнома» низ вуҷуд дорад. Ба мисли:

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун…ё ин:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз

Падид омад оташ аз он санг боз.ҳамчунин:

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр,

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Чи тавре, ки Абуқосими Фирдавсӣ дар ин мисраъҳои шеърӣ баён кардааст. Ҳушанг дар шикоргоҳ бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш гузар мекард, ки ногаҳон чашмаш ба мори сиёҳе дарафтод ва сангеро бардошта ба болои он ҳавола дод, ки ба санги дигар бархурда, дар ин вақт аз зарбаи ду санг оташ ба вуҷуд омад. Аз ҳамон рӯз онро нури Хуршедӣ ном гузошта ва пайдоиши оташро ба Ҳушанг асос гузоштанд.

Ҷурабек ШАРИПОВ,муовини декан оид ба илмва иноватсияи факултети физикаи ДМТ