ҶАРАЁНИ КОНФЕРЕНСҲОИ ИЛМӢ

402

Дар асоси нақша конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба ҷашнҳои «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода», «110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» бахшида шудааст, аз 20-ум то 27-ум доир гардид ва дар факултети физика рӯзи 24-уми апрели соли 2021 баргузор гардид.

Конфренсияи мазкур барои донишҷӯёни факултети физика рӯзи 24 апрели соли 2021, соати 1300, дар синфхонаи 527 дар як бахш «физика, астрономия, радиофизика ва электроника» баргузор гардид, ки раисии онро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи усулҳои таълими физика Истамов Ф.Х. ва котибиро донишҷӯи курси чоруми ихтисоси метеорология ва климатология Алиев Р.Р. ба ӯҳда доштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба кори конфренсия декани факултет доктори илмҳои физикаю математика, профессор Солиҳов Д.Қ. ҳусни оғоз бахшид. Дар ифтитоҳи конференсия муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Шарипов Ҷ.Г., мудири кафедраи астрономия Сафаров А.Ғ., мудири кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо ширкат Ҷӯраев Х.Ш., мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт Қодиров Р.Т. ва роҳбарони маърӯзачиён иштирок доштанд.

Маърӯзаҳо ба бахшҳои астрономия, қисматҳои алоҳидаи физикаи назариявӣ, физикаи ҳаста, ҷисмҳои сахт, метрология, стандартикунонӣ ва сертификат таалуқ доштанд. Маърӯзаҳои ироагардида, аз тарафи худи донишҷӯён муҳокима шуда, тариқи саволу ҷавоб муҳокима карда мешуданд.

Конференсия дар як сатҳи хуби илмӣ доир гардида, байни иштироккунандагон баҳсу мунозира ва пешниҳодҳоро ба бор овард. Дар ин бахш, бо хулосаи умумӣ маърӯзаи беҳтаринро маърӯза аз тарафи донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси астрономия Шарифова Ф. дар мавзӯи «Омӯзиши кометаҳои тасмаи асосии астероидҳо», донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 31040200 Нуриддинов Ф. дар мавзӯи «Тарзи кор ва технологияи тайёр кардани элементҳои офтобӣ» ва маърӯзаи баҳсталаб, маърӯзаи донишҷӯи курси 4 ихтисоси 31030300 Садиров С. таҳти унвони «Таъсири афканишот иониш ба объектҳои биологӣ» дониста шуданд.

Ҳамин тавр, кори конференсияро аз рӯи сатҳи илмӣ ва амалиашон дар соҳаҳои физикаи ҷисмҳои сахт, астрофизика, физикаи ҳаста хуб арзёбӣ намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки бархе аз ин маърӯзаҳо дар шакли китоби алоҳида ба нашр расонидан ба мақсад мумвофиқ аст. Дар маҷмӯъ, аз 23 маърӯзаи пешниҳодшуда ҳамаи онҳо ироа гардиданд.