ҲАМСОЛОНИ ИСТИҚЛОЛ

395

(Дар ин саҳифа андешаҳои устодону кормандони донишгоҳ, ки ҳамсоли истиқлоланд (1991), гирдоварӣ шудааст)

Миҷгона Саидова- ассистенти кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ:

 -Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз 30-юмин солгарди баҳори иқболу нусрати хешро ҷашн мегирад. Иде, ки дар раванди 30 соли фирӯзии он мо ҷавонон ҳамрозу ҳамсафараш будем. Хушбахтем, ки истиқлолият баҳри такмил ва рушду инкишофи ҳаёти маънавию ҷисмонии мо шароити мусоид муҳайё сохт.

Бахтовар Назаров – мудири синфхонаҳои компютерии факултети журналистика:

-Мо, ҷавонон шукрона аз он мекунем, ки неъмати бебаҳои истиқлолияту Ваҳдати миллӣ насибамон гаштааст. Месазад, ки бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги куҳанбунёду тамаддунофари хеш ифтихор намоему барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Фирӯза Холова- мудири бахши дипломҳои Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус:

-Истиқлолият барои мо ҷавонон бузургтарин дастоварди миллӣ аст. Зеро дар замони истиқлолият дар баробари дигар самтҳои фаъолият масъалаи илму маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат дониста шуда, баҳри аз худ кардани донишҳои замонавӣ имкониятҳо бештар гардиданд. Рисолати бузурги истиқлолият дар он аст, ки мо зодагони насли истиқлол зери ливои истиқлолхоҳӣ тарбият ёфта, ҷиҳати устувории он ҳамеша талош меварзем.

Фазлиддин Икромов – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии факултети молиявию иқтисодӣ:

– Мо, ҷавонон давомдиҳандагони насли калонсол буда, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навин чун неруи бунёдгару созанда ширкат менамоем. Мо ҳамчун насли замони истиқлол баҳри пайваста баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии хеш кӯшиш намуда, ҳамчун мутахассисони варзида дар мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолият саҳм мегузорем.

Гулнора Султонова – корманди садорати факултети физика:

– Имрӯз дар тамоми самту соҳаҳо дастовардҳои бузург дорем, ки ҳамаи онҳо натиҷаи ташаббусҳои Сарвари давлат ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат ва муаррифии мамлакат ба ҷаҳониён мебошад. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро як кишвари рӯ ба тараққӣ эътироф мекунад. Пас мо, ҷавонон баяд ин нуфузи кишвари азизамонро ҳамаҷиҳата нигоҳ дорем.

Абдулозода Равшан – сардори шуъбаи ахбори илмию техникии донишгоҳ:

-Ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро бо онҳо мепайвандад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш гумон аст. Фаромӯш набояд кард, ки арзишмандтарин омиле, ки бақову устувории миллатро кафолат медиҳад, тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули эҳсоси худшиносиву худогоҳии ҷавонон дар руҳияи истиқлолхоҳӣ аст.

Баҳромзода Манижа – ассистенти кафедраи забонҳои хориҷиии факултети журналистика:

-Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Ғафорзода Юсуфи Фраймон – ассистенти кафедраи молия ва суғурта:

-Мо ҷавонони насли замони истиқлол бояд баҳри пайваста баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии хеш кӯшиш намоем ва ҳамчун мутахассисони варзида ба воя расему дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият камари ҳиммат бандем.

Раҳмонзода Нуроншоҳ – ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносӣ:

-Истиқлоли Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва Тоҷикистон дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшиш намоем.

 Мунира Сафарова – ассистенти кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ:

-Аз он хушҳолам, ки дар марҳалаи сифатан нав, ки давраи таъмини пурраи суботи сиёсиву иҷтимоӣ оғоз гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар иқтисодиёти мамлакат беш аз пеш ба низоми навини бозаргонӣ мутобиқ гардида, пешрафти босуботро касб намудааст. Ҳамчун мутахассис аз ин дастовард хушнудам.

Шоҳиҷаҳон Диёров – ассистенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ:

-Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 30 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин сана барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари мардуми тоҷик нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро овардааст.

Амренова Шогун – ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносӣ:

 – Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ҷавонон соҳиби дастовардҳои бузург гардиданд. Ҷавонон дар пайравӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтикороти бузургеро рӯйи даст гирифта, дар рушди ҷомеаи мутамаддин саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Фирдавс Каримов – устоди кафедраи фармакогнозияи факултети фарматсевтӣ:

– Имрӯз аз онки ҳамсоли истиқлолият ҳастам ифтихор мекунам. Зеро истиқлолият бароям нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлолам мебошад.

Умедҷони Шодихон – муаллими ансамбли «Наврӯз»:

 -Шукрона ва ифтихор аз он мекунем, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ худро ҳамчун тоҷики асил шинохтем. Ба таъкиди Пешвои миллат: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем”. Аз ҳамин нуктаи назар таъкид карданиям, ки мо бояд хизматҳои фарзандони миллатро қадр намуда, ба қадри дастовардҳои замони Истиқлол расем.

Баҳрулло Саидзода – устоди кафедраи психологияи факултети фалсафа:

– Дарки истиқлолият барои ҳар як насли ҷавон муҳим аст. Агар имрӯз мо ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонему онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони Истиқлолият тарбия кунем, пас ояндаи дурахшоне моро дар пеш аст. Истиқлолиятро ҳамчун неъмати бузург бояд шинохт.

Дониёр Хокиев – муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои факултети механикаю математика:

– Пешвои миллат истиқлолро самараи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси кишвар арзёбӣ карда, таъкид намудаанд, ки: “Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амали намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад”. Пас, моро мебояд онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Садбарги Мирзо – лаборанти калони кафедраи физикаи умумии факултети физика:

-Боиси хушнудист, ки дар давраи Истиқлолият таваҷҷуҳи ҷавонон ба илму таълим бештар шуда, дастовардҳо дар ин самт чашмрас гаштааст. Солҳои охир мебинем, ки дар партави ибтикороти Пешвои миллат ҷавонон дар самтҳои гуногуни илм тадқиқот анҷом дода, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат рисолаҳои илмии хешро дифоъ менамоянд. Ин бахти баланд барои ҷавонони илмдӯст мебошад.

Умедҷон Гулаков – муаллими калони кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодӣ:

-Бо дидани пешравӣ ва дастовардҳои Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳар як фардро фараҳу шодӣ фаро мегирад. Албатта, мо ҷавонон аз он ифтихормандем, ки имрӯз соҳибватанем ва пайваста барои рушд ёфтани он қадамҳои устувор мегузорем. Хушбахтона, имрӯз дастовардҳо дар тамоми самтҳо дида мешавад, ки зумрае аз онҳоро ибтикороти ҷавонони насли истиқлол ташкил медиҳад.

Сорбон Зафаров – ассистенти кафедраи химияи органикии факултети химия:

-Ҷавонони Тоҷикистони озод, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлоли ватананд, аз зумраи хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд. Зеро онҳо дар шароити хуб умр ба сар мебаранду имконияти бештарро соҳиб гаштаанд.

Раҳматулло Рабиев – иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фармакогнозияи факултети фарматсевтӣ:

 -Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷавонон дар ҳама самтҳо, аз ҷумла илм, маориф, иқтисодиёт, фарҳанг, варзиш ва дигар соҳаҳо комёбу муваффақанд. Дар самти илму ихтироот бошад ҷавонони тоҷик пешсаф ҳастанд, ки ин иқболи баланди мо ҷавонон мебошад.

Исмоил Шарифов – устоди факултети ҳуқуқшиносӣ:

-Сӣ сол муқаддам Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, шарафёб шуд. Бояд ба як воқеияти таърихӣ эътироф кард, ки шаклгирӣ ва таҳкими истиқлолияти кишварамон бо фаъолияти Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешак, истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард.

Нигина Сироҷова – ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика:

-Бо дастгирии Сарвари давлат ва файзи истиқлолияти миллӣ имрӯз ҷавонон, ки қишри созандаву ояндаи кишваранд, бо таваҷҷуҳ ба раванди рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба фаъолият машғул буда, дар риштаи илм низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Чи хеле, ки Пешвои миллат иброз менамоянд: “Ҷавонон бояд неруи созандаи худро ба фатҳи қуллаҳои илму техника ва фарҳанг равона созанд”. Хушбахтона, бо роҳбаладиву роҳнамоии Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ як қатор шӯроҳову созмонҳои илмии ҷавонон амал мекунанд, ки барои пешрафт ва инкишофи маънавиёти мо мусоидат менамояд.

Шайдуллои Ҳоҷӣ – муаллими калони кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ:

– Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар бояд ҳамеша талош варзем, ки фаъолияти намунавӣ нишон диҳем. Зеро имрӯз мо зери ливои ваҳдату истиқлолият ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузошта, роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишварро маҳз дар омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун мебинем.

Некрӯз Асламзода – ассистенти кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафа:

-30 сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлолу дорои тамаддуни бузург ба ояндаи дурахшон дар миёни кишварҳои абарқудрати дунё бо сарбаландию шарофатмандӣ ва бо ифтихори баланди ватандорӣ гомҳои устувор гузошта истодааст. Бо шукргузорӣ аз тинҷию оромии кишвари маҳбубамон таманнои онро мекунем, ки давлати Тоҷикистон боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ бо корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат шуҳрат ёфта, мавқеи худро боз ҳам пурзӯру устувортар менамояд.

Абдулҳафиз Исматов – ассистенти кафедраи андоз ва андозбандӣ:

– Дастоварди бузурги мо дар тӯли Истиқлолият, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ дар миёни ҷавонон мебошад, ки ин ҳама бо шарофат ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ба даст омадаанд.

 Бадруддин Раҳматов – ассистенти кафедраи электроникаи физикии факултети физика:

-Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки имрӯз ҷавонони мо ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ эҳтиром доранд, ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои миллат арҷ мегузоранд, аз неъматҳо ва дастовардҳои гаронбаҳои замони Истиқлолияту ваҳдати миллӣ шукргузоранд. Маълум мешавад, тамоми сайъю талоши онҳо баҳри ободиву созандагӣ равона гашта, номбардору парчамафрози ин кишвари маҳбуб дар арсаи ҷаҳонӣ ҳастанд. Хушбахтона, бар зидди ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб мубориза бурда, амалҳои хиёнаткорона ва ифротгароёнаро маҳкум менамоянд.

Мусоҳиб

Ҷавҳари Абдуғаффор