ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12

Имрӯз 08 сентябр дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.Ба кори ҳамоиш декани факултет, дотсент Қодирзода Зафар Абдуламин ҳусни оғоз бахшида, кулли мардуми шарафманди тоҷикро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву шукуфоӣ, садоқат ба Ватани азиз ва ҳувияти миллӣ мебошад, самимона ва содиқона табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки ин роҳи 34-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд аст ва арзишманд боқӣ мемонад.

Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих Шарофидинов Сӯҳроб дар мавзуи Дастоварҳо дар даврони истиқлол баромад намуд.

Солиҳзода Д.Қ., доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи физикаи назариявӣ низ оид Истиқлоли давлатӣ фикрҳои худро байён карданд.