ҲАМОИШИ ИЛМИИ ОЛИМОН ВА МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН

233

Санаи (28.02.2023) соати 10:00 дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Семинари илмии Шурои олимон ва муҳақиқони ҷавон оид ба “Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – маркази тайёр намудани мутахассисони баландихтисос” бо иштироки ҳамаи олимони ҷавони ДМТ баргузор гардид, ки дар ин семинари илмии олимони ҷавони ДМТ барпо гардид. Дар ин семинар баромади узви вобастаи АМИТ, профессор, мудири кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физика Норматов Ином Шерович доир ба пешниҳод намудани “Лоиҳаҳои байналмилалӣ” баромад намуда тамоми нозукиҳои “Лоиҳаро” дар рафти баромади худ ба иштирокчиён фаҳмониданд. Дар анҷоми суханрони аз ҷониби иштироккунандагони семинар саволҳо пешниҳод гардиданд, ки устод Норматов И.Ш. ба ҳар яки саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас ва бо мисолу тавзеҳот посух гардониданд. Семинари илмӣ дар як сатҳи баланд баргузор гардид.