ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРЯВӢ ДАР ШИНОХТИ КУРУШИ КАБИР

17

Дар партави пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз дар факултети физика ҳамоиши илмӣ-назарявӣ дар мавзуи «Устувонаи Куруши Кабир – санади инсонмеҳвар» баргузор гардид.Ҳамоишро декани факултети физика, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Қодирзода Зафар Абдуламин ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Куруши Кабир дар таърихи фарҳангу тамаддуни башарӣ шахсияти адолатпарвар эътироф гардидааст ва дар саргаҳи инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро асоси пешрафту ташаккули ҷомеаҳо ҳисобидааст. Эъломияи Куруши Кабир дар таърих беназир аст ва он ҳамчун ифтихори мо таҷассуми хираду некиву адл мебошад.Дар идомаи чорабинӣ директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳ, н. и. т., дотсен Шарифов Ҷамолиддин дар мавзуи “Куруши Кабир дар афкори гузаштагон” суханронӣ намуд.