Санаи (05.04.2025) дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ дар мавзуи «Пешвои миллат эҳёгари дӯстии халқҳо» баргузор гардид. Сухани ифтитохиро муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети физика н.и.ф-м., дотсент Шарифӣ Ҷурабек Гулбой оғоз намуда, меҳмонон ва иштироккунандагони семинарро хайрамақдам намуда, зимни суханронии хеш доир ба ташаббус ва иқдомоти таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва роҷеъ ба аҳамияти таърихии Эъломияи Хуҷанд дар таъмини сулҳу субот ва ҳамкориҳои минтақавӣ ақидаҳои худро баён намуд.Дар идомаи ҳамоиш ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Одиназода Убайдулло Саймаҳмуд дар мавзӯи «Робитаҳои дӯсти ва ҳампаймоии ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон», д.и.ф-м., профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физика Солеҳзода Давлат Қувват дар мавзӯи «Дустии байни ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон» ва мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физика н.и.ф-м., дотсент Ҳодиев Масрур Ҳомидхоҷаевич дар мавзӯи «Ҳамкориҳои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов» маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар кори семинар ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Семинари илмӣ-назариявӣ дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид.