Санаи 17-уми декабри соли 2024 тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултетети физика ҷиҳати татбиқи «Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Банду басти ҷинояти савдои одамон» дар факултети физикаи ДМТ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ декани факултет, н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А., иброз дошт, ки савдои одамон ин падидаи номатлуб на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон реша давонда, ҳамасола ҳазорҳо нафар сокинони сайёра аз кишварҳои гуногун қурбонии чунин ҳолат мешаванд. Бояд қайд кард, ки ҳар як шахс, новобаста аз синну сол ва ҷинс, метавонад қурбонии савдои одамон гардад. Аммо, тақрибан 80 % қурбониёни савдои одамон занону духтарон мебошанд, ки нисф зиёди онҳоро ноболиғон дар бар мегиранд.
Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани талаботи истеъмолӣ ба савдои одамон, хусусан занону кӯдакон, барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад.
Хусусиятҳои муташаккил ва фаромиллӣ гардидани ҷинояти савдои одамон дар ҷаҳон эътимод ва кӯшиши бетаъхири ба ҳам омадани давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.
Зимнан дар кори семинар устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ н.и.ҳ., дотсентони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо корупсия Холиқзода Шералӣ Лоиқ ва Мирзоев Қобилҷон Холмуродович суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад.