Санаи 14-уми январи соли 2025 тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар факултети физикаи ДМТ баргузор гардид.
Сараввал сухани муқадимавиро декани факултет, н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А., намуда, иброз дошт, ки Барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 265 тасдиқ карда шуда, дар заминаи он «Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия ва тасдиқ шудааст.
Мақсади асосии Барнома паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин, бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори зиддиҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад.
Баъдан дар кори семинар устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷионяти ва муқовимат бо корупсия Холиқзода Шералӣ Лоиқ дар бораи «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва дотсент Камолов Зубайдулло оид ба «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» суханронӣ намуданд.
Пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менояд.