
Дар факултети физикаи ДМТ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҳамоиш декани факултет дотсент Қодирзода З.А., директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, н.и.т., дотсент Шарифзода Ҷ, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ Шарофуддинзода Суҳроб, инчунин устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок варзиданд.
Дар оғози ҳамоиш декани факултет дотсент, Қодирзода З.А. ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида. Қайд карданд, ки ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Дар идомаи ҳамоиш директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, н.и.т., дотсент Шарифзода Ҷ маърӯзаи худро бахшида ба ин ҷашни сарнавиштсоз баён намуд. Иброз намуданд, ки сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд. Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.
Сипас баромади худро оиди ин ҷашн дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ Шарофуддинзода Суҳроб ҳусни оғоз бахшид. Қайд карданд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва пурифтихори давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки ҳар сол 16 ноябр таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ҳамчун рамзи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ ва қадрдонии нақши роҳбарии Сарвари давлат дар таъмини истиқлолият, субот ва ваҳдати миллӣ пазируфта шудааст. Дар таърихи Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 1994 аҳамияти хоса дорад, зеро маҳз дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи аввалин интихоботи умумихалқӣ ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин рӯйдод оғози марҳалаи нави рушди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар буд, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу амният ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа замина гузошт.
Дар охири ҳамоиш устодон ва донишҷуёни факултет фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин ҷашн иброз намуданд ва бо қироатҳои шеър аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Пешвои муаззами миллат ҳусни анҷом ёфт.








