ҲАМОИШ ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ “СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025”

14

Имрӯз (13.11.2025) бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ибтикори факултети физика ҳамоиши илмӣ-назарявӣ ҷиҳати татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид. Дар ҳамоиш дотсенти кафедраи ҳуқуки ҷинояти муқовимат бо коррупсияии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Исматов Рустам, устодон ва сардорони гурӯҳҳои академии курсҳои 1 то 4 иштирок намуданд.

Ҳамоиши илмӣ-назарявӣ ҷиҳати татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун дар факултет мусоидат намуд.

Сухани ибтидоиро декани факултети физика, дотсент Қодирзода З.А. оғоз намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол пешгирӣ ва муқовимат бо терроризму экстремизмро вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон дониста, барои тақвияти муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти харобиовар тадбирҳои судманд меандешад. Муборизаи ҳамаҷониба бо муқовимат бо терроризму экстремизмро вазифаи ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонони донишманду худогоҳ мебошад.

Дар рафти ҳамоиш аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Зимнан дар ҳамоиш дотсенти кафедраи ҳуқуки ҷинояти муқовимат бо корупсияии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Исматов Рустам иштирок ва маърӯза намуда, ба самъи иштирокчиён оид ба моҳияти “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), маъруза намуда, қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамояд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзиҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд, лекиномилҳое низ ба монанди терроризм ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар сабаб мешаванд. Зуҳуротҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи аввали истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ то имрӯз ба мушоҳида мерасанд.

Ҳадаф аз баргузории ин гуна вохӯриҳо, пеш аз ҳама, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо арзёбӣ мегардад.