Дар факултети физикаи ДМТ ҳамоиш дар мавзуи «Ҷиноятҳо ба муқобили амнитяи иттилоотӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш декани факултет дотсент, Қодирзода З.А., ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, н.и.ҳ., Давлатзода Дилшод, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҳамоишро декани факултет ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки амнияти киберӣ маҷмӯи чораҳоест, ки барои муҳофизати системаҳои компютерӣ, шабакаҳо, ҳисобҳои интернетӣ ва маълумоти шахсӣ аз ҳамлаҳо, рахнашавӣ, дуздӣ ё нобудшавӣ равона шудааст.
Дар ҳамоиш н.и.ҳ., Давлатзода Дилшод суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ҷинояткорон аз усулҳои мураккаб, аз ҷумла ҳамлаҳои фишингӣ, паҳнсозии вирусҳо, дуздии додаҳои махфӣ, рахнаи шабакаҳо ва тағйирёбии ғайриқонунии иттилоот истифода мебаранд, ки ин ҳолат боиси зарарҳои иқтисодӣ, ихтилофи фаъолияти ширкатҳо ва таҳдиди амнияти миллӣ мегардад. Бо назардошти афзоиши ҳамарӯзаи чунин ҷиноятҳо, зарурати таҳкими муҳофизати инфрасохтори иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати рақамии шаҳрвандон, истифодаи нармафзорҳои ҳимоявӣ, гузаронидани омӯзишҳои амниятӣ ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалии киберамният барои пешгирӣ ва коҳиши хавфҳои эҳтимолӣ аҳмияти хос пайдо кардааст.
Имрӯз мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ на танҳо вазифаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти муштараки ҷомеа буда, танҳо бо ҳамкории муассир, ошкорсозӣ ва вокуниши саривақтӣ метавон амнияти иттилоотиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намуд.
Бовар дорем, ки мо якҷоя метавонем фарҳанги амнияти кибериро ташаккул дода, саҳифаи бехатари рушди рақамиро барои ҷомеа боз намоем.










