Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, алалхсус, солҳои 2010-2022 фаъолияти байналмилалии факултети физика хеле боло рафт. Бо ибтикори раёсати донишгоҳ ва садорати факултет ба Донишгоҳҳо ва Иститутҳои илмию таҳқиқотии хориҷи кишвар фиристодани донишҷӯён ва устодони ҷавони факултет оғоз гардид. Хатмкардагони ҷавон аз қабили Сатторов Ҷ, Камолиддинов Ф., Латипова С., Қурбониёни М., Муқумов А., Баҳромзод Р., Раҳмонов Х. , Сафаров С., Қодирзода З., Алишери М, Меликхучаи Н, Нурулҳаков Ш, Воҳидова С, Файзуллоев И ва дигарон дар маҷмӯъ беш аз 20 нафар таҷрибаомӯзии пешаздипломии худро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Б. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Беларус, Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ Федеретсияи Руссия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург иҷро намуданд ва таҳсилро дар аспирантура ва магистрантураи ин муассисаҳои илмӣ ба анҷом расониданд. Аз байни онҳо Алишери М., Қурбониёни М., Файзуллоев И., Нурулҳаков Ш, Меликхучаи Н рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда дигарон дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Қодирзода З.А рисолаи номзадии худро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ҳимоя намуда ҳоло декани факултети физикаи ДМТ мебошад. Фақат соли 2015 6 нафар мутахассисони ҷавон ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба таҳсил фиристода шудаанд, аз ҷумла 3 нафар аз кафедраи электроникаи физикӣ: Раҳматов Б., Наимов У. ва Шербоев М. ба Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишгоҳи давлатии Тамбов ва Донишгоҳи давлатии Орёл ба аспирантура дохил гардиданд. Аз кафедраи физикаи ҳаста Сафаров С ба магистратураи Донишгоҳи давлатии Беларус ва ва аспирантони кафедраи физикаи назариявӣ – Қодирзода Зафар ва Нурулҳаков Шамсулҳақ барои иҷрои кори рисолаи номзадӣ ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов фиристода шуданд. Айни замон устодон Наимов У ва Раҳматов Б рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Наимов У дар Донишгоҳои давлатии Тамбов рисолаи номзадии номзадии худро ҳимоя намуд. Солҳои охир даъват намудани олимон аз хориҷи кишвар ба сифати муқарризони расмии ҳимояи рисолаҳо, муассиси пешбар ва хондани лексияҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, профессорон Н.А. Тимофеев, С.А. Двинин, М.Г. Лукашевич, С.И. Винитский, Н.С. Ерохин, Н.Е. Андреев, Н.П. Маломуж, Н.Л. Лаврик, С.А. Маскевич, К.В. Холшевников ва ғайраҳо ба факултет ташриф овардаанд. Нашри якчояи мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшавандаи Федеретсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Украина ба роҳ монда шудааст. Дар доираи барномаҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай профессори кафедраи физикаи назариявӣ Д.Қ. Солиҳов дар конференсияҳои байналмилалӣ дар ш. Москваи ФР, ш. Гуанжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ш. Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ намудаан. Устодони ҷавони факултет дар лоиҳаҳои байналмилалии Эрасмус низ иштирок меварзанд. Ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт Ғафуров Ф.А. ба Донишгоҳи давлатии Мардоваи ФР, ш. Саранск ва дар ш. Бухарести Руминия сафари илмӣ ба анҷом расонидаст. Бояд зикр намуд, ки муаррифгари ДМТ дар арсаи байналмилалӣ нашри мақолаҳои Scopus ва Web of Science мебошанд, ки солҳои охир факултет дар ин масъала пешсаф мебошад. Факултет дар доираи чорабиниҳо тасмим гирифтааст, ки пешниҳоди лоиҳаҳои илмиро бо хориҷи кишвар боз ҳам вусъат диҳад.
Солиҳов Давлат Қувватович – доктори илмҳои физика ва математика, профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физика
Қодирзода Зафар Абдуламин – декани факултети физика ДМТ, номзади илмҳои физикаю математика