Ҳамкориҳои судманд

299
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - img-20221124-wa0001-1024x768.jpg

Дар доираи нақша-чорабиниҳои факултет бо ректори донишгоҳи миллӣ (аз 04.07.2022) ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодон ва кормандон дар таърихи 24.11.2022 дар факултети физика лексияҳои доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири шӯъбаи назариявии Институти физикаи умӯмӣ ба номи А.М. Прохорови Академияи илмҳои Россия Гусейнзода Н.Г ва доктори илмҳои физикаю математика, дотсенти факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов Двинин Сергей Александрович, ки ба ҳайси муқарризони расмӣ ва ҳамроҳбар дар ҳимояи рисолаи номзадии Нурулҳақов Ш.С.(роҳбари илмӣ, профессор Солиҳов Д.Қ) таъин шуда буданд дар шакли махфили «Зеҳн» баргузор гардид. Дар ин нишаст донишҷӯёну устодони факултет ва кормандони Институти назди донишгоҳ иштирок намуданд. Маърузачиён доир ба масъалаҳои физикаи муосир «Усулҳои физикӣ дар тиб» ва «Мадорҳои орбиталии спутник дар тропосфераи Замин» маълумотҳои солҳои охирро пешниҳод намуданд. Саволу ҷавоб байни шунавандагону маърузачиён баргузор гардид. Чунин лексияҳо ҳамкориҳои байни муассисаҳоро тақвият бахшида роҳ ба сӯи дастовардҳои нав кушода хоҳанд шуд.