ҲАМБАСТАГИИ РӮЙДОДҲОИ ЗАМИНИВУ ОСМОНӢ

159

Ҳамбастагии рӯйдодҳои заминиву осмонӣ — маҷмӯи алоқамандиҳои физикии бевосита ё бавоситаи фарояндҳое, ки дар Офтобу Замин ҷараён мегиранд.Аз Офтоб ба атрофи он, аз ҷумла сӯйи Замин, сели рӯшноӣ ва ҳамроҳи он гармое меояд, ки қариб ҳама рӯйдодҳои ҳаётан муҳими заминиро воқеъӣ мегардонад. Андаруни Офтоб (то сатҳи он) фарояндҳои алоқаманд бо ғалаёнҳои хуршедӣ сурат мегиранд, ки онҳо низ ба рӯйдодҳои заминӣ асар доранд. Дар шакл гирифтани ин навъ рӯйдодҳо нақши майдони магнитии байнисайёраӣ бас бузург аст, зеро селҳои тобиши кайҳонии хуршедӣ ва галаахтариро низом медиҳад, хусусиятҳои таъсироти мутақобили шамоли Офтобу табақаҳои магнитии Заминро оҳанги “зиндагисоз” медиҳад.Асари рӯйдодҳои хуршедӣ равшантар аз ҳама пас аз руй додани ҷариққаҳо(доғҳо)-и рӯйи Офтоб зоҳир мегардад. Гап дар он аст, ки ҷариққаҳои хуршедӣ ғайр аз тобиши электромагнитии фаробунафш (ултрабунафш) ва рентгенӣ боз мавҷи зарбатии пуртавон ба вуҷуд меоранд, ки он ба фазои байнисайёраӣ плазматӯдаҳои гарм меафканад. Ин тӯдаҳо пас аз як-ду рӯз ба фазои наздики Замин расида, тӯфонҳои магнитӣ ба бор меоранд, фаҷри қутбиро шиддат мебахшанд, дар ионинтабақаи атмосфераи Замин ғалаёнҳои гуногун меангезанд ва ғ. Афту хези тавони шамоли Офтоб дар табақаи магнитсипеҳри Замин ва ионинсипеҳри он тобиши электромагнитии фарохтайфе (бо басомадҳои 0,001 то 10 Ҳз) ба вуҷуд меорад, ки он то ба сатхи Замин расида, на танхо кори воситаҳои идораи дарёнавардиву радиоалоқа, балки кори воситаҳои алоқаи кабелӣ, кори хатҳои интиқоли барқ, нафтлулаҳову газлулаҳо ва монади инҳоро халалдор мегардонад.Омори руйдодҳои хуршедӣ хулосае додааст, ки падидаҳои магнитии дар руйи Замин мушоҳидашаванда ва як қатор фарояндҳои дар зистсипеҳр руйдиҳанда (суръати афзоиши ҷонварон, густариши бемориҳои фарогир ва ғ.) ба дараҷаи фаъолияти Офтоб бастагии бевосита доранд. Он омор инчунин нишон дод, ки афтухези майдони магнитии Замин дар созгони марказии асаб, созгони гардиши хун ва ғайраи инсон вокуниши ҷавобӣ ба вуҷуд оварда, ҳоли ӯро ба куллӣ тағйир дода метавонад.Аз ин навъ пажӯҳишҳо хулосаи аҷибе бармеояд: дар гирди кураи Замин домқавсҳои сунъӣ ба вуҷуд оварда, хусусиятҳои ионинтабақаро тағйир дода ва дар фарози ин ё он сарзамин тобиши электромагнитии пастбасомад тавлид гардонидан имконпазир аст, ки тавре дар боло ишора шуд ба вайроншавии кори системаи интиқоли ахбор ва дигар системаҳои мухталиф меорад.

Мудири кафедраи физикаи назарияӣ, дотсент Одилов О.Ш.