Рӯзномаи маҷлис:
1. Раванди азбаркунии дарсҳо ва тартиботи донишҷӯён дар раванди таълиму тарбия дар факултет
2. Шиносоии садорат дар назди волидайни донишҷӯён
3.Суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо волидайни донишҷӯёне бо сарпарастони гурӯҳҳои акдемӣ
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Дар санаи 02. 12. 2022 соати 1400 дар синфхонаи 501 ҷалласаи васеъ бо волидайни донишҷӯёни курсҳои 1 – ум ва 2- юми факултети физика баргузор гардид.
Тибқи нақша чорабинаҳои факултети физика бо даъватнома ба волидайни донишҷӯён дар вақти муайяншуда ҳозир шуданд.
Сараввал декани факултети физика н.и.ф.-м., Қодирзода З.А. баромад намуда, ҳозиринро бо садорати факултет муаррифӣ намуд. Баъдан мувофиқи рӯзномаи ҷаласа сохтори факултетро ба волидайни донишҷӯён муаррифӣ намуд.
Муовини декан оид ба тарбия Имомов Н. Р дар раванди ҷаласа ба волидайни донишҷӯён оиди тарбия ва фарҳанги донишҷӯён дар факултет маълумотҳо пешниҳод намуд, ки тарбияи хуб дар ҷараёни таълиму тарбия намудани фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва барои омода намудани мутахассисони варзида дар донишгоҳ мавқеи марказиро ишғол менамояд ва барои ба даст овардани дастовардҳои нав ба нав таъсири хуб мерасонад.
Баъдан муовинони декан оид ба таълим Авази Мирзо ва Лутфиллоев Ноҷибулло дар назди волидайни донишҷӯён баромад намуда, қайд намуд, ки мебояд волидайн нисбат ба ояндаи фарзандони худ бетарафӣ зоҳир накарда, бо омӯзгорони онҳо пайваста ҳамкориҳои зич дошта бошанд.
Ҷараёни маҷлис:
Декани факултети физика Қодирзода З.А.
Муовини декан оид ба тарбия Имомов Н. Р
Муовини декан оид ба таълим Авази М., Лутфиллоев Н.
Раиси волидайни факултет Асомиддинов З.Ш
Раиси Шурои кураторони фукултети физика Восидов Ш. Ю.