ҶАЛАСАИ ВОЛИДАЙН

14

Дар асоси дустуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла факултети физика ҷиҳати ҷоннок намудани таълиму тарбияи донишҷӯён санаи 25.11.2024 дар бинои таълимӣ вохурӣ бо волидайни донишҷӯёни курси 1-уми ихтисосҳои амалкунанда баргузор гардид. Дар ҷаласа декани факултет н.и.ф.м., дотсент Қодирзода З.А., ва раиси асотсиатсияи волидайн Асомиддинов З.Ш., муовини декан оид ба тарбия Одинаев Қ.Н., муовини декан оид ба таълим Авази М., Лутфуллоев Н.А., мудирони кафедраҳои тахассусӣ, раиси Шурои занони факултет Иматшоева Н. ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд. Зимни вохурӣ аз рафти ҷараёни хониш ва давомоти донишҷӯён, ки дар соли таҳсили 2024-2025, нимсолаи тирамоҳи натиҷагирӣ шуда буд манзури волидайн гардонида шуд.Сараввал волидайни донишҷӯнро декани факултети физика дотсент Қодирзода Зафар Абдуламин хайра мақдам намуда маълумот дар бораи шарту шароитҳои факултет, имконияҳо, дастовардҳои устодону донишҷӯён, ҳамкориҳо бо марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва ғайра манзури онҳо намуда ва баъдан оид ба аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тарбияи дурусти насли наврас суханронӣ намуданд. Декани мӯҳтарм қайд намуданд, ки мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯъи ҷомеъа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойи арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.Сипас сарпарастони гурӯҳҳои академӣ доир ба хислат, рафтор иштирок дар дарсҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.Дар охири ҷаласа ба донишҷӯёне, ки бо дониши хуб ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд ба волидайни онҳо арзу сипоси беинтиҳо миннатдорӣ баён гардид.Инчунин дар рафти маҷлис аз ҷониби волидайн низ баромад ва пешниҳодҳо карда шуд ва дар охир волидайн ба саволҳои худ низ ҷавоб гирифтанд.