ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ

86

Имрӯз дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявии «Масъалаҳои муосири астрофизикӣ» бахшида ба гиромидошти Абурайҳон Берунӣ дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти Абурайҳон Берунӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ шуда гузашт. Дар семинари илмӣ олимону муҳақиқон аз донишгоҳҳои олӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ҷаласаро декани факултет Қодирзода Зафар Абдуламин кӯшода иброз доштанд, ки тибқи нақша чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари имрӯза дар пояи кафедраи астрономия баргӯзор шуда истодааст. Қайд карда шуд, ки дар кори семинар намояндаи Раёсати илм Абдуллозода Р., доктори илмҳои физикаю математика, профессор, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Абдулҳай Комилӣ дар мавзӯи “Абурайҳон Берунӣ – мутаффакари шарқ”, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи астрономия Сафаров Абдулҷалол дар мавзӯи “Нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илми ҳайатшиносӣ” ва номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ризои Баҳромзод дар мавзӯи “Кашфиёти астрономии Абдурраҳмони Суфӣ: нигоҳе ба гузашта аз зовияи асри 21” ироа карданд.

Инчунин дар кори семинари илмӣ аъзои Шурои илмии факултети физика, мудирони кафедраҳо, муҳақиқони ҷавон, магистрҳо ва донишҷуёни гирандаи стипендияҳои номӣ ширкат варзиданд.

Қайд карда шуд, ки зиёда аз ҳазор сол аст, ки мероси илмию адабии ҳакими бузург, табиби ҳозиқ, олими номвар, ахтари илмҳои табиатшиносӣ Абӯрайҳон Берунӣ диққати муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илмро ба худ ҷалб кардааст. Дар тӯли ин муддат оид ба афкори илмию фалсафии ӯ дар Шарқу Ғарб садҳо тадқиқот, рисолаю китобҳои алоҳида таълиф шуда, нақши Абӯрайҳони Берунӣ дар тараққӣ ва рушду такомули маданияти миллӣ ва ҷаҳонӣ то андозае нишон дода шудааст.

Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунии Хоразмӣ (08.09.973 – 17.12.1048) яке нобиғагони овозадори тоҷику форс. Берунӣ аз худ осори ғанӣ ва гаронбаҳое ба мерос гузоштааст, ки аз он ҷумла62 номгӯй ба донишҳои ситорашиносӣ бахшида шудааст. Берунӣ аз хурдсолӣ ба таҳсили илм оғоз карда, беш аз ҳама ба илми ситорашиносӣ шуғл дошт. Рағбати ӯ ба илми ситорашиносӣ то андозае буд, ки ҳатто дар асарҳои таърихию ҷуғрофию забоншиносиаш ба монанди “Осор-ул-боқия” ва “Мо ли-л-Ҳинд”масъалаҳои марбут ба ситорашиносӣ, аз ҷумла гоҳшиносӣ ва солноманависиро ёдрас шудааст. Устоди аввалини ӯ дар ин соҳа ҳайатшиноси риёзидони бузурги Хоразмӣ – Абунаср Мансури Ироқ буд.

Яке аз хизматҳои бузурги Берунӣ дар он буд, ки вай таҷрибаи чӣ гуна шакл доштани кураи Заминро собит кард. Бо ин мақсад таҷриба гузаронда, дар Хоразм даври лаппиши раққосаки математикиро ба ҳисоб гирифт ва баъд аз он ки Маҳмуди Ғазнавӣ Ҳиндустонро забт намуд, ҳамин таҷрибаи дар Хоразм гузаронидаашро дар Деҳлӣ ҳам гузаронд ва дид, ки натиҷаҳо фарқ мекунанд. Ин фарқияти натиҷаҳоро танҳо бо гуногунии шитоби афтиши озод дар ҳавзаҳои гуногуни Деҳлӣ ва Хоразм шарҳ додан мумкин аст. Берунӣ дар бораи курашакл будани Замин, ҳаракати он дар атрофи меҳвараш, шакли геоид доштан, табиати якхелаи Офтобу ситораҳо ваандозаи бузургу дур будани онҳо аз Замин боварӣ дошт.

Ӯ квадранти яке аз ситорашиноси ҳамзамони худ Аҳмади Насавиро чунон мукаммал намуд, ки он дар тули400 сол баъди Берунӣ ҳамчун бузургтарин квадранти ҷаҳон ҳисоб меёфт. Абурайҳон Берунӣ таҳлили саҳеҳи тақвимҳоро анҷом дод. Дар Осор-ул-боқия тамоми ин раванд дарҷ ёфтааст. Бархе аз фирҳои худро доир ба низоми Заминмарказ пешниҳод намуда, ҳаракати пайдарпайии сайёраҳоро маънидод кард.

Ҷаъмияти байналмилалии астрономҳо нақши Абурайҳон Беруниро дар рушди астрономия ба инобат гирифта астероидеро ба шарафи ӯ номгӯзорӣ кардааст. Астероиди Берунӣ (9936 Al-Biruni), 8 августи соли 1986 аз тарафи мунаҷимони булғор Эрик Элст ва Виолета Иванова чун астероиди «1986 PN4» ба қайд гирифта шуд. Андозаи астероид ~20 км, қадри мутлақи ситоравиаш 11m,7, масофаи перигелӣ 2,4866 в.а., масофаи афелӣ 3,6617 в.а., даври чархиш дар атрофи меҳвараш 10,704 соат, даври гардиш дар атрофи Офтоб 1968,7358 шаборӯз (5,39 сол) аст.

Инчунин, ба шарафи Берунӣ дар сатҳи Моҳ танӯраеро номгӯзори кардаанд. Координатаҳои қамарии маркази танӯра 18° 4¢ арзи шимолӣ ва 92° 37¢ тӯли шарқӣ бо қутри80,41 км ва умқи 2,79 км дар сатҳи Моҳ ҷойгир аст.

Дар охири семинари илмӣ иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро доир ба нақши Абурайҳони Берунӣ иброз дошта, қайд намуданд, ки корҳои кардаи ӯ дар самти табиатшиносӣ бориз буда ифтихори миллату давлат аст. Ҷавонони имрӯза бояд иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, дар партави давраи ниҳоии ҷамъбасти озмуни “Илм фурӯғи маърифат” саҳми назаррас дошта бошанд.

Садорати факултети физика