Декан

Декан – номзади илмҳои физикаю математика Қодирзода Зафар Абдуламин
07 – уми сентябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2010 мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намуда худи ҳамон сол ба факултети физикаи ДМТ дар ихтисоси физикаи умумӣ дохил шудааст. Соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи «аъло» аз рӯи ихтисоси 1-31040103-физика бо касби Физик – омузгор хатм намудааст. Моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ фаъолияти омӯзгориро оғоз намуд. Солҳои 2017 – 2020 аспиранти кафедраи физикаи назариявӣ буда, 18- уми майи соли 2022 рисолаи номзадии худро дар Шурои диссертасионии МГУ.013.7(01.12) назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов- и шаҳри Москваи Федеретсияи Россия бо мувафақият ҳимоя намуда соҳиби унвони номзади илмҳои физикаю математика гардидааст. Аз моҳи декабри соли 2021 то аввали моҳи июли 2022 вазифаи муовини декан оид ба таҳсилоти фосилавиро дар факултети физика ба уҳда дошт. Моҳи июли соли 2022 бо фармоиши ректори ДМТ ба вазифаи декани факултети физикаи ДМТ таъйин гардида ва то кунун ҳамин вазифаро бар дӯш дорад. Қодирзода Зафар Абдуламин дар доираи фаъолияти кориаш дар соли 2023 барои дастовардҳо дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат сарфароз гардида, инчунин бо медали ҷшнии “30 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин соҳиби чандин ифтихорнома ва сипосномаҳо гаштааст, ки муҳимтаринашон «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ», «Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон», «СИПОСНОМА»- ба муносибати 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, « СИПОСНОМА» – и ДМТ, «Ифтихорномаи факултети физикаи ДМТ» мебошад. Муаллифи беш аз 40 мақола ва фишурда, як монография ва як китоби дарсӣ мебошад. Айни замон таҳқиқотҳои хешро оид ба кори докториаш дар робита бо Донишгоҳи давлатии Москва бо номи М.В. Ломоносов давом дода истодааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.
Маҳмадуллоев Диловар Зафарович – муовини декан оид ба таълим
Маҳмадуллоев Диловар Зафарович санаи 14-уми майи соли 1994 дар вилояти Хатлон дар оилаи зиёиён таваллуд шудаст. Соли 2001 дар синни ҳафтсолагӣ ба мактаб-литейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон-и ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе дохил шудааст. Тӯли 11 сол дар он ҷо таҳсил намуда, дар озмуну олимпиадаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидааст. Соли 2012 мактабро бо баҳои аъло хатм намуда ба Донишгоҳи давлатии Россия ба номи А.Н.Косыгин дар факултети “Технология дар саноати сабук” дохил шудааст. Соли 2016 донишгоҳро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи номбурда ба ҳайси магистрант супорида онро бо дипломи аъло хатм намудавст. Соли 2019 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси докторанти PhD – и факултети физика, кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт, ихтисоси метрология, стандартизатсия ва сертификатсия супорида онро соли 2022 хатм намудааст. Инчунин дар баробари таҳсили докторанти дар соли таҳсили 2021 – 2022 дар кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт, факултети физика ба ҳайси ассистент 0.5 воҳиди корӣ ҳамчун омузгори ғайриштатӣ кору фаъолият намудааст. Соли 2022 бо фармони ректори ДМТ дар кафедра ҳамчун омузгори штатӣ ассистент кору фаъолият намуд. Соли 2025 бо фармони ректори ДМТ ба вазифаи мушоаири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 2-юм дар факултет таъин карда шуд.
Корҳои илмӣ-татқиқотиаш бошад бо ҳамроҳии роҳбари илмиаш д.и.т., дотсент Гулмуродзода Ҳ.Г. дар мавзӯи “Технология ва коркарди аввалияи мавод ва ашёи хоми нассоҷӣ” рисолаи илмиашро навистаистодааст.

Лутфуллоев Наҷибулло Аюбович – муовини декан оид ба таълим
09-уми майи соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) (2013), ассистенти кафедраи астрономияи факултети физика. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон, мудири лабораторияи таълимӣ ва ассистенти кафедраи астрономияи факултети физика фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то ин ҷониб дар вазифаи мушовири академӣ (эдвайзер)-и факултети физика фаъолият карда истодааст. Аъзои Шурои олимони факултет ва аъзои ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи зиёда аз 8 мақолаи илмӣ мебошад. Бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултет сарфароз шудааст.

Шарипов Ҷурабек Гулович – муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Шарипов Ҷурабек Гулович 24-уми феврали соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи механизатор ба дунё омадааст.
Соли 2002 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Қутбӣ Кироми деҳаи Урметант ноҳияи Айниро хатм намуда, худи ҳамон сол ба шуъбаи рӯзонаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДМТ) дохил шудааст. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси 012600, касби муҳандис-метеоролог хатм намудааст.
Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 2007 то соли 2011 ба ҳайси ассистенти кафедраи метеорологияи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДМТ) фаъолият намуда, солҳои 2012-2013 дар вазифаи ходими илмии шуъбаи «Физикаи муҳитҳои конденсӣ»-и Институти илмию тадқиқотии ДМТ кор кардааст.
Солҳои 2013-2014 ассистенти кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ ба уҳда дошт.
Солҳои 2014-2017 ассистенти кафедраи метеорология ва климаталогия факултети физикаи ДМТ буд.
6 майи 2017 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Термодинамические свойства сплавов Zn55Al, Zn5Al, легированных редкоземельными металлами (Sc, Y, Ce, Pr, Nd, Eu)» дифоъ намуда, 1 ноябри соли 2017 сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика гардидааст.
Ҳамзамон, аз соли 2017 то 10 майи соли 2019 Раисии Шурои кураторони факултети физикаро ба уҳда дошт. Аз санаи 10 майи соли 2019 то имрӯз дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети физика фаъолият дорад.
Санаи 31 октябри соли 2020 бо фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дотсенти кафедраи метеорология ва климатология интихоб гардидааст.
Шарипов Ҷурабек Гулович дар доираи фаъолияти кориаш аз ҷониби садорати факултети физика бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.
Муаллифи зиёда 29 мақолаи илмӣ, аз ҷумла як монография (Термодинамические свойства цинк-алюминиевых сплавов, легированных РЗМ), як китоби дарсӣ (Метеорологияи умумӣ) ва як дастури таълимӣ (Таъмини гидрометеорологӣ дар ҳоҷагӣ ва агрометеорология) мебошад.

Латипова Сарвиноз Зиккулоевна – муовини декан оид ба таҳсилоти фосилавӣ
Латипова Сарвиноз Зиккулоевна, 1-уми сентябри соли 1989 дар нохияи М.С.А. Хамадони-и вилояти Хатлон дар оилаи омузгор ба дуне омадааcт, Соли 2007 дар озмуни нохиявии “Талабаи сол ” иштирок намуда голиби он гаштааст. Соли 2007 мактабро ба бахои аъло хатм намуда ба факултаи физикаи Донишгохи миллии Точиистон дохил шудааст.
Соли 2011 ба Донишгохи Давлатии шахри Москва ба номи М.В Ламоносов барои ичрои рисолаи дипломи рафта ба корхои илми машгул шудааст. Рисолаи дипломиашро соли 2012 дар мавзуи “СРАВНЕНИЕ ХАРАКТЕРИСТИК МОДЕЛИ FANSY И МОДЕЛЕЙ ЯДЕРНОГО ВЗАИМОДЕЙСТВИЯ ПАКЕТА CORSIKA ПРИ СВЕРХВЫСОКИХ ЭНЕРГИИ” химоя намудааст. Соли 2012 донишгохро бо дипломи сурх хатм намудааст.
Мохи январи соли 2013 хучатхои худро ба шуъбаи аспирантураи ДМТ-супорида ва баъд аз дохил шудан ба аспирантура тахсили худро хамчун тачрибаомуз дар ДДМ ба номи М.В Ламоносов давом додааст. Баьд аз хатми аспирантура аз соли 2017 дар кафедраи физикаи хастаи факултети физикаи ДМТ ба хайси ассистент кор мекунад. Тули солхои 2018-2019 хамчун раиси Шурои кураторони факултети физика фаолият намудааст. Дар ин мухлати кори муаллифи зиёда 20 мақолаи илмию методи буда, дар бисёр конференсияхои чумхурияви ва байналмиллали иштирок намудааст.
Аз он чумла:
1. 3-rd International Cosmic Ray Workshop, Dushanbe, Tajikistan, 2013.
2. 3rd international cosmic rays workshop ICRW-2013, Душанбе 2013.
3. Конференсияи байналмиллали «Микромир и макромир»-Москва 2012 и 2013).
4. Республиканская конференция по ядерно-физическим методам анализа состава биологических, геологических, химических и медицинских объектов (Душанбе -2014).
5. Конференсияи байналмиллали барои олимони чавон аз давлатхои ИДМ «Смежные проблемы физики и астрофизики частиц сверхвысоких энергии» Душанбе-2014. 6. Симпозиум ISVHECRI-2016, Институти Физикаи Академияи Илмхои Россия (ФИАН) ба номи Лебедев. Москва-2017.
7. Конференсияи байналмиллали барои олимони чавон аз давлатхои ИДМ. Алмаато (Казокистон) , 24 – 30 сентябри 2017 сол. 8. “Cambridge Central Asia Forum”- Остона (Казокистон), 23.04.2018 – 25.04.2018 проект GCRF COMPASS.
9. Конференсияи байналмиллали барои олимони чавон аз давлатхои ИДМ. Алмаато (Казокистон), 25 август – 1 сентябри 2018 сол.
10. 16-ая Курчатовская, междисциплинарная молодёжная научная школа. Москва — 6-9-11.2018. Доклад: Оценка энергии проскочивших ливней.
11) Международная школа молодых ученых стран СНГ. Иссык-кул (Киргизистон) , – 17-22 сентябри 2019 сол.

Зуҳуров Маҳмадёр – муовини декан оид ба тарбия
8 мактаби миёнаи умумии № 8 ноҳияро бо баҳои аъло хатм карда, солҳои 2010-2015 дар кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз соли 2015-2019 дар кафедраи астрономия ба ҳайси лаборанти калон фаъолиятро оғоз намуда, аз соли 2019-2022 дар вазифаи мудири лабораторияи таълимӣ ва аз соли 2022 инҷониб дар вазифаи ассистенти кафедра фаъолият дорад. Солҳои 2020-2021 магистранти кафедраи астрономия буда, солҳои 2021 то 2022 дар Институти астрофизикаи АМИТ ҳамчун ходими хурди илмии Шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳо фаъолият кардааст. Аз соли 2015 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад. Беш аз 8 мақола ва фишурдаи мақолаҳоро дар маҷаллаҳои гуногун аз чоп баровардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст. Аз соли 2016 аъзои ҳизби ҳалқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад. Соли 2025 бо фармони ректори ДМТ муовини декан оид ба корҳои тарбия таъин гардид.
Корҳои илмии Зуҳуров М.Ҳ. ба омӯзиши «Таҳқиқи синхронаҳои кӯтоҳи думи чангини кометаҳои С/1962 С1 (Секи Лайнс) ва С/2006 Р1 ( Макнаут)” бахшида шудааст.



