70-солагӣ муборак устоди гиромиқадр Абдуллоев Ҳасанҷон Муминҷонович!

348

Шуморо ба муносибати 70-умин солгарди баҳори пурфайзу баракати умратон аз самими қалбҳои саршор ва меҳру вафо, муҳаббату садоқат табрику таҳният намуда, бароятон сиҳатию саломатӣ, чеҳраи хандон, хушбахтӣ, комрониву сарфарозӣ ва дар фаъолияти самараноки меҳнатиатон баҳри гул-гул шукуфии илму маорифи кишвар комёбиҳои беназирро таманно дорем. Дастовардҳои Шумо дар илму маорифи Ҷумҳурӣ лоиқи таҳсин мебошанд.

Шогирдони Шумо на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он, дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздики дунё фаъолият доранд ва ҳамеша Шуморо бо некӣ ва ифтихор ном мебаранд. Орзумандем, ки ҳамеша ифтихори илми муосир бошед. Хирадмандиву донишмандии Шумо, маслиҳатҳои оқилона ва падаронаи Шумо, ки онҳоро барои касе дареғ намедоред, ҳазорон ҷавононро ба роҳи рости илму зиндагӣ ҳидоят намудааст. Бигзор барои некиҳоятон тақдир Шуморо бо инъому мукофотҳои олӣ саодатмандию сарафрозӣ мушарраф гардонад.

Садорати факултет, кормандон ва устодони кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт Шуморо бори дигар бо рӯзи мавлудатон табрику таҳният гуфта, ба Шумо офияти комил, кашфиётҳои нав ба нав, саодатмандӣ ва дар татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи кишвар муваффақиятҳои беназир таманно дорем ва аз забони шоир гуфтанием:

Ниҳоли қоматат пурбор гардад,

Туро умри наку ҳам ёр гардад.

Дар ин дунё бизи сад соли дигар,

Ки дунё аз паят гулзор гардад.

Коллективи кормандон ва устодони факултети физика.