НАҚШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ: ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

2

Имрӯз (13.03.2026) дар толори Шурои олимони факултети физикаи ДМТ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ Воҳидзода Фирӯз ва номзади илмҳои сотсиологӣ, дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа Наҷмиддинзода Муҳаммадқодир иштирок ва маърӯза намуданд. Дар чорабинӣ декани факултети физика, дотсент Қодирзода З.А., мудирони кафедраҳо, устодону кормандон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Воҳидзода Фирӯз ҷанбаҳои ҳуқуқии стратегия ва барномаи давлатиро шарҳ дода, аҳаммияти татбиқи онҳо дар такмили низоми пешгирии ҷинояткориро таъкид намуд. Ҳамзамон, Наҷмиддинзода Муҳаммадқодир ҷанбаҳои иҷтимоии масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки дар самти пешгирии ҷинояткорӣ баланд бардоштани маърифати сиёсӣ-ҳуқуқии аҳолӣ, нақши муассири оила ва муассисаҳои таълимӣ аҳамияти махсус дорад.

Қайд гардид, ки маҳз ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ҷавононро ҳанӯз аз овони хурдӣ бо меъёрҳои одобу ахлоқ шинос намуда, зарурати риояи онҳоро фаҳмонад ва бо ин роҳ дар рушди ахлоқию ҳуқуқии онҳо саҳми арзанда гузорад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош намояд.