Ҳар як миллат барои пешрафт ва рушди худ ба илм, маърифат ва тарбияи насли наврас такя мекунад. Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба маориф ва илму дониш аҳамияти махсус додааст.Ҳамасола дар саросари кишвари азизи мо – Тоҷикистон, 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ин санаи хотирмон барои ҳазорон хонандагону донишҷӯён рӯзи умеду орзу ва оғози марҳилаи нав дар роҳи омӯзишу камолёбӣ ба шумор меравад.Ин сана рамзи эҳтиром ба илму маърифат, устодону омӯзгорон ва ҳамзамон рӯзест, ки ҷавонон бо рӯҳияи тоза ба омӯзишу эҷод қадам мегузоранд.Анъанаи нек ва басо муҳим дар рӯзи аввал — “Дарси сулҳ” мебошад, ки ҳар сол дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар баргузор мегардад. Ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот аст. Дар ин рӯзи пуршукӯҳ, муассисаҳои таълимӣ ба маркази шодӣ ва шукӯҳ мубаддал мегарданд. Дарҳои мактабҳо ва донишгоҳҳо бо садои қадамҳои хонандагону донишҷӯёни нав боз мешаванд. Омӯзгорон ва устодон, ки рисолати бузурги маърифатпарвариро ба дӯш доранд, шогирдонашонро бо муҳаббат истиқбол мегиранд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд:«Сулҳ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик аст ва онро мисли гавҳараки чашм бояд ҳифз намоем».Ин суханон имрӯз низ барои ҳар як хонандаву донишҷӯ ҳамчун васияти падарона арзиши баланд доранд.Дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш Пешвои миллат ҳамеша иброз медоранд, ки илм ва маърифат қувваи пешбарандаи ҷомеа аст.Илму дониш омили асосии пешрафти давлат ва шарти муҳимтарини рушду камолоти насли ҷавон мебошад. Рӯзи дониш ва дарси сулҳ на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки рамзи ваҳдату дӯстӣ, сулҳу субот ва орзуҳои нав аст. Ҷавонон бояд аз ин рӯзи муборак сабақ гирифта, бо саъю кӯшиш соҳиби донишҳои муосир гарданд ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд. Имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат шароити таълимӣ сол то сол беҳтар мегардад, сохтмони биноҳои муосир, таҷҳизотҳои нави лабораторӣ, китобхонаҳои рақамӣ ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомҳои судманд ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имконпазир гардидааст. Ҷавонон бояд бо омӯзиш ва меҳнати хеш барои ободии Ватан саҳмгузор бошанд. Мактаб ва донишгоҳҳо ҳамчун маркази маърифат ва тарбияи насли оянда хизмат мекунанд.Рӯзи дониш ин муҳаббат ба омӯзгорон ва эҳтироми заҳматҳои онҳо ҳам арҷгузори мегардад.Ин рӯз моро водор месозад, ки қадри илму дониш ва сулҳро дарк намоем, зеро бо дониш ва тарбияи дуруст метавон ба ояндаи дурахшони худ ва кишвар ноил шуд. Дарси сулҳ на танҳо омӯзиши муҳаббат ва дӯстӣ аст, балки рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи зиндагии осоишта мебошад. Ҷавонон бояд паёми ин дарсро дарк карда, бо дониш, хирад ва меҳнат саҳмгузори ободии Ватани азиз гарданд. Бо амалӣ намудани таълимоти дарси сулҳ, мо метавонем ҷомеаи солим, ором ва пешрафтаро ба насли оянда тақдим намоем.
Балаҷонзода С. Д. докторанти Ph.D-ифакултети физика