Кафедраи оптика ва спектроскопия

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедра оптика ва спектроскопия соли 1961 дар асоси ихтисоси “Оптика ва спектроскопия” ташкил ёфта, мудири нахустини он яке аз мутахассисони хуби соҳаи голография, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Мустафин К.С. буд. Да ин давра дар кафедра профессорон Л.И. Алперович, О.Ш.Шокиров, В.М.Коровина, Н.М.Хошимов ва дигарон кор мекарданд. Баъдан тӯли солҳои 1966-1976 вазифаи мудири кафедраро дотсент Л.И.Алперович ба уҳда доштанд. Дар давраи мудирии ӯ корҳои тарбиявӣ, илмӣ ва моддию техникии кафедра қадам ба қадам пеш мерафт. Дар солҳои 1976-1985 дотсент Нарзиев Б.Н., солҳои 1986-1991 дотсент Ҷумъабоев Қ. ва солҳои 1992-2009 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Нарзиев Б.Н. муддати 28 сол мудири кафедра буданд. Дар таҳти роҳбарии профессор Нарзиев Б.Н. як қатор масъалаҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ ҳалли худро ёфтанд ва дар тараққӣ додани самтҳои асосии фаъолияти кафедра ҳиссаи калон гузоштанд.

Солҳои 2009-2018 кафедраро, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Исломов З.З. роҳбарӣ намудаст. Дар давраи роҳбарии Исломов З.З. аксари корҳои лабораторӣ ва тахассусии кафедра таҷдиди назар шуда корҳои лаборатории нав ҷорӣ гардиданд. Инчунин чопи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии соҳавӣ хуб ба роҳ монда шуда буд. Аз соли 2018 то соли 2022 вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои физикаю математика, профессор Муллоев Н.У. ба ӯҳда дошт. Дар ин давра эҳёи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои соҳавӣ хуб ба роҳ монда шуда барои ба зинаи сифатан нав баровардани мақоми кафедра дар рушти илми физикаи Точикистон корҳои хуб анҷом дода шуд. Аз 31-уми майи соли 2023 вазифаи мудири кафедра ба зимаи н.и.ф.-м дотсент Ҳодиев М.Ҳ гузошта шудааст.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра асосан дар се самт гузаронида шуданд:

1. Муайян кардани доимиҳои оптикии муҳити конденсатсионӣ дар ҳудудҳои васеи спектр (аз ултрабунафш ва инфрасурх).

2. Омӯзиши сохтор ва хосиятҳои системаҳои молекулавӣ дар моддаҳои конденсӣ ва таъсири мутақобилаи байнимолекулаҳо дар онҳо бо истифода аз усулҳои инфрасурх, резонанси магнитии ядроӣ (ЯМР) ва спектроскопияи электронӣ.

3. Таҳқиқи таъсири байниҳамдигарии молекулаҳои бисёратома бо истифода аз усулҳои спектроскопияи инфрасурх ва ҳисобкуниҳои физикаи квантӣ.

Самти якуми корҳои илмӣ-тадқиқотиро дотсент Л.И.Алперович роҳбарӣ мекард. Шабалова В., Салохутдинова К., Сальникова С., Хочаева X. таҳти роҳбарии ӯ кор карда, барои моддаҳои гуногун усулҳои ченкунӣ ва муайян кардани нишондиҳандахои фурӯбурд ва прешхурди ин моддаҳо коркард шудаанд.

Дар самти дуюми тадқиқот дотсентҳо Нарзиев Б.Н., Коровина В.М., Ҷумъабоев Қ., Шокиров О.Ш., Нуруллоев М., Исломов З.З., Аббосов Б., Низомов З., Латипов С. ва ғ. фаъолият намудаанд.

Самти сеюми корҳои илмӣ-тадқиқотиро профессор М.У. Муллеов роҳбари мекарданд. Дар ин самт устодон М.Нуруллоев, дотсент З.З.Исломов, М.Р.Файзиева, ассистент М.Ҳ.Ҳодиев, С.Ш.Давлат-мамадова, кормандони техникӣ Сафарова Р. ва дигарон кор карданд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ дар матбуоти соҳавии марказӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин дар маҷмӯаҳо чоп гардида, дар конференсия ва симпозиумҳои Байналхалқӣ ва Ҷумҳуриявӣ маърӯза шудаанд. Дар кафедра корҳои ихтироотӣ низ ба роҳ монда шудаанд. Кормандон ва устодони кафедра соҳиби 20 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд. Соли 2011 бахшида ба 50-солагии кафедра конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири спектроскопияи молекулии муҳитҳои конденсӣ» ва соли 2018 конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои актуалии физикаи муосир» бахшида ба 80-солагии ёдбуди Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Нарзиев Б.Н. дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Айни ҳол самти илмии кафедра ин “Омӯзиши табиати алоқаҳои гидрогении пайвастагиҳои гетеросиклӣ бо ёрии услҳои спектроскопияи инфрасурх ва ҳисобкуниҳои физикаи квантӣ” ба ҳисоб меравад. (роҳбари илмӣ – н.и.ф-м., дотсент Ҳодиев М.Ҳ). Имрӯз ҳамаи устодони кафедра дорои унвони илмӣ мебошанд: (дотсентон Ҳодиев М.Ҳ., Исломов З.З., Файзиева М.Р. муаллими калон Давлатмамадова С.Ш.), мудири лабораторияҳои таълимӣ н.и.ф.-м Давлатҷонова Ш ва муҳандис Саидова С. Дар солҳои 1980-1990 базаи моддӣ-техникии кафедра аз ҳисоби иҷрои корҷои шартномаҳои хоҷагӣ, ки на танҳо аҳамияти илмӣ, балки илмӣ-амалӣ доштанд, ба таври назаррас афзуд. Натиҷаҳои илмӣ доир ба мавзӯъҳои ҳам буҷавии давлатӣ ва ҳам шартномавӣ дар коркарди усулҳои оптикии назорати тозагии муҳити атроф, технологияи лазерӣ, дар ҳалли як қатор масъалаҳои физикаи моеъҳо, тиб, фармакология ва дигар соҳаҳои омехта татбиқи худро ёфтанд. Дар тӯли мавҷудияташ кафедраро зиёда аз 1200 нафар донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибона хатм кардаанд. Аз ин миқдор зиёда аз 70-нафар хатмкунандагони кафедра дар корхонаю муассисахои илмӣ, саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар шаҳрҳои Москав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Воронеж, Минск, Киев кору фаъолият мекунанд. Қариб 90-нафар хатмкунандагони кафедра номазаи илм ва зиёда аз 30-нафарашон докторнои илм (Мустафин К.С., Альперович Л.И., Марупов Р.М., Ястребинский А.А., Асимов М.М., Немес В.И., Забиякин Ю.Е., Нарзиев Б.Н., Нуруллоев М., Коровина В.М., Гиллер Ю.Э., Шукуров Т., Мадвалиев Ю., Норматов И.Ш., Абдуллоев С.Ф., Муллоев Н.У ва дигарон.). Дар кафедра доир ба соҳаҳои ҳозиразамони оптика ва спектроскопия курсҳои тахассусӣ хонда шуда, корҳои лабораторӣ, курсӣ, дипломӣ ва магистрӣ иҷро мегарданд. Дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, ҳаммуаллифи корҳои илмӣ ва фишурдаи маърӯзаҳо мебошанд. Ҳамин тариқ, оптика ва спектроскопия соҳаи замонавӣ ва ояндадори физика буда, усулҳо ва принсипҳои он дар аксарияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он истифода мешаванд.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

-Омӯзиши табиати алоқаҳои гидрогении пайвастагиҳои гетеросиклӣ бо ёрии усулҳои спектроскопияи инфрасурх ва ҳисобкуниҳои физикаи квантӣ

-Таҳқиқи қобилияти донорию аксептории пайвастагиҳои гетероскилӣ

-Татбиқи хусусиятҳои энергетикӣ-спектралии як қатор гиёҳҳои шифобахш вобаста аз ҷойи сабзиш.

Фаъолияти омӯзгорӣ

Кафедраи оптика ва спектроскопия тахассусӣ буда мутахассисони ихтисосҳои –«физика» ва самти оптика ва спектроскопияро омода месозад. Дараҷаи тахассуси хатмкунандагон – бакалавр, -магистр. Кафедраи иҷрои таълими фанни “Оптика”-и курси физикаи умумиро дар ихтисосҳои физика, радиофизика ва электроника, метеорология ва климатология, астрономия, радиоэкология, мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо, метрология, стандартизатсия ва сертификат, фанҳои интихобӣ “Оптикаи атмосферӣ” барои ихтисоси метеорология ва климатология, “Асосҳои спектроскопия”- ихтисоси физика, “Таҳлили маводҳо бо усулҳои оптикӣ” -ихтисоси метрология, стандартизатсия ва сертификат ва таълими фанҳои тахассусиро барои донишҷӯёни курсҳои 2-4 соҳаи “Оптика ва спектроскопия”.

Корҳои методии кафедра

Устодони кафедра инчунин ба таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, васоитҳои методӣ ва лабораторӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла:

1. Нарзиев Б.Н. Сохтори молекула ва таъсири байнимолекулӣ. Қ.1-2. Душанбе, 1978-1982;

2. Альперович Л.И., Нарзиев Б.Н. ва диргарон- «Оптика», Қ.1, Душанбе, 1984;

3. Нарзиев Б.Н. Спектроскопияи муҳитҳои конденсӣ. Душанбе, 2000;

4. Нарзиев Б.Н., Исломов З., Нуруллоев М.- «Корҳои амалӣ аз оптика», Душанбе, 2009;

5. М. Нуруллоев, З. Исломов, М. Файзиева. Спектроскопияи атомӣ. Душанбе, 2009;

6. М. Нуруллоев, З. Исломов, М. Файзиева. Оптика. Душанбе, 2010;

7. М. Нуруллоев, З. Исломов. Супоришҳои тестӣ, формула, қонун ва қоидаҳои асосии оптика. Душанбе, 2012;

8. Муллоев Н.У., Исломов З.З. Дастурамал оиди корҳои лабораторӣ аз фанни Спектроскопияи молекулӣ, Душанбе, 2013.,

9. Н.У. Муллоев, З.З. Исломов. Дастурамал оиди корҳои лабораторӣ аз фанни Оптика», Душанбе, 2014;

10. Муллоев Н.У., Нарзуллоев Н. Усули рефрактометрии таҳлил. Душанбе-2014;

11. Н. У. Муллоев, З.З. Исломов. Усулҳои оптикии таҳлил», Душанбе, 2015;

12. Нарзиев Б.Н., Исломов З.З. Хосиятҳои оптикиву спектроскопӣ ва донориву аксептории пайвастагиҳои гетеросиклӣ, Душанбе, 2018;

13. Н.У.Муллоев, Т.А.Хоҷаев, Ф.Х.Истамов,Р.М.Сафарова. Оптика маҷмӯи масаълаҳо ва саволҳои тестӣ Душанбе. 2018;

14. Исломов З., Муллоев Н., Файзиева М., Ҷумабоев А., Мурадов Ғ. «ОПТИКА», Самарқанд, 2019;

15. Исломов З.З.,Файзиева М.Р.,Ҳодиев М.Ҳ. Спектроскопияи атомӣ Душанбе -2022;

Бакалавриат (шӯъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ)

Фанҳои умумикасбӣ ва интихобӣ бл. 3

1. Оптика

2. Оптикаи атмосферӣ

3. Таҳлили маводҳо бо усулҳои оптикӣ

4. Усулҳои оптикӣ дар астрономия”-

Фанҳои тахассусӣ:

1. Спектроскопияи амалӣ.

2. Спектроскопияи атомӣ ва молекулӣ.

3. Таҳлили спектралӣ.

4. Спектроскопияи таъсироти байнимолекулӣ (ТБМ).

5. Лазерҳо ва оптикаи ғайрихаттӣ

6. Истифадаи МЭҲ дар таҳқиқотҳои спектроскопӣ.

7. Усулҳои оптикии таҳлил

Фанҳои интихобӣ бл. 4

1. Қобилияти протонодонорӣ (ҚПД) ва протоноаксепторӣ (ҚПА)-и молекулаҳо.

2. Люминессенсия.

3. Спектроскопияи Н-бандиш

4. Сохтор ва хосиятҳои молекулаҳо.

5. Қувваҳои байнимолекулӣ ва сохтори молекула

Магистратура (шӯъбаи рӯзона) самти 1- 31040110 «Физика»

1. Хосиятҳои оптикии моддаҳо

2. Усулҳои оптикии таҳлил

Лабораторияҳои таълимӣ

Дар назди кафедраи оптика ва спектросокпия лабораторияҳои таълимии зерин амал менамояд: (мудири лабораторияҳо – н.и.ф.-м Давлатҷонова Ш.).

1. Оптика- 300 аудитория.

2. Спектроскопияи таъсири байнимолекулӣ- 313-аудитория.

3. Лазерҳо ва люминиссенсия – 302 аудитория.

4. Таҳлили спектрӣ- 311-аудитория.

5. Спекторосокпияи атомӣ ва молекулӣ – 310 аудитория.

Докторантура ва доктор PDh

Асосан дар кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1.3.8-физикаи муҳитҳои конденсӣ, 6D060400-Физика, мутахасисонӣ илмӣ омода карда мешаванд. Корҳои иҷрошуда дар кафедра оиди омодасозии мутахассисонӣ илмию омӯзгорӣ дар солҳои охир:

1. Ҳимояи рисолаи докторӣ аз ҷониби Муллоев Н.У. дар мавзӯи: Бо ёрии усулҳои флуросенсӣ ва спектроскопияи инфрасурх муайян намудани таъсири байнимолекулавии кислотаҳои гуминӣ бо ионҳои металлҳои вазнин. С.ҳ.-24.10.2017 с., аз рӯи ихтисоси 01.04.07 – физикаи муҳитҳои конденсӣ.

2. Ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҷониби Файзиева М.Р. дар мавзӯи: Хусусиятҳои амфотерикии пайвастагиҳои гетероциклӣ ҳангоми чен кардани сохтори электронии онҳо бо истифода аз усулҳои спектроскопии инфрасурх. С.ҳ.-24.06.2017 с., аз рӯи ихтисоси 01.04.07 – физикаи муҳитҳои конденсӣ.

3. Ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҷониби Юсупова Ж.О. дар мавзӯи: Н-комплексҳои ҳосилаҳои 1,3-диоксалан бо спиртҳои алифатикӣ бо усулҳои СИ. С.ҳ.-17.03.2019 с., аз рӯи ихтисоси 01.04.07 – физикаи муҳитҳои конденсӣ.

4. Ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҷониби Давлатмамадоа С.Ш. дар мавзӯи: Хусусиятҳои спектрии пайвастагиҳои органикии табиӣ (бо мисоли растаниҳои худрӯй). С.ҳ.-13.01.2022 с., аз рӯи ихтисоси 01.04.07 – физикаи муҳитҳои конденсӣ.

5. Ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҷониби Ҳодиев М.Ҳ.. дар мавзӯи: Таҳқиқи Н-комплексҳои ҳосилаҳои триазол бо усулҳои спектросокпияи инфрасурх ва ҳисобкуниҳои физикаи квантӣ. С.ҳ.-07.06.2022 с., аз рӯи ихтисоси 01.04.07 – физикаи муҳитҳои конденсӣ.

Номгӯи мақолаҳои илмии 5-соли охир дар журналҳои индексшудаи МБД Sсорus ва Web of Science

1. Н.У.Муллоев, Д.Юсупова, Б.И. Махсудов. Ик-спектроскопическое исследование Н-комплексов производных диоксолана с метанолом в растворах в СCl4. Журнал структурной химии 58 (4), -С.876-878. 2017.

2. N.U.Mulloev, M.Kh.Khodiev, Z.Z.Islomov, N.L.Lavrik. Quantum Chemical Determination of the Molecular Structure of 1, 2, 4-Triazole and the Calculation of its Infrared Spectrum. Journal of Structural Chemistry. 2020. v.61, -p.232–237. https://doi.org/10.1134/S00224766200200799

3. Kh.Sh.Abdulov, N.U.Mulloev, S.Kh.Tabarov, M.Kh.Khodiev. Quantum Chemical Determination of the Molecular Structure of 1, 2, 4-Triazole and the Calculation of its Infrared Spectrum. Journal of Structural Chemistry. 2020. v.61, -p.510–514. https://doi.org/10.1134/S00224766200400222

4. N. U. Mulloev, M. R. Faizieva, M. Kh. Khodiev, N. L. Lavrik. Studying the nature of hydrogen bonds of h-complexes of pyrrole derivatives with acetone according to ir spectroscopy data and quantum chemical calculations. Journal of Structural Chemistry. 2021. v.62, -p.678–681. https://doi.org/10.1134/S00224766210500366

5. Н.У. Муллоев, Н.А. Маджидов, Н.Л. Лаврик. Н-комплексы имидазола с протоноакцепторными молекулами по данным ИК-спектроскопии и квантово-химических расчетов. Известия высших учебных заведений. Физика. 2022. Т. 65, № 4. -С. 93-98.

6. М.Kh. Khodiev, U.A. Holikulov, N.Issaoui, Omar M. Al-Dossary, Leda G. Bousiakoug, N.L. Lavrik. Estimation of electrostatic and covalent contributions to the enthalpy of H-bond formation in H-complexes of 1,2,3-benzotriazole with proton-acceptor molecules by IR spectroscopy and DFT calculations. Journal of King Saud University. V. 35, I.3, 2023, -рр.102530. 0 https://doi.org/10.1016/j.jksus.2022.102530

7. Masrur Khodiev, Utkirjon Holikulov, Abduvakhid Jumabaev, Noureddine ISSAOUI, Lavrik Nikolay L, Omar M. Al-Dossary, Leda G. Bousiakoug. Solvent effect on the self-association of the 1,2,4-triazole: A DFT study. Journal of Molecular Liquids. V. 382, 2023, -рр.121960. 0 https://doi.org/10.1016/j.molliq.2023.121960

Номгӯи мақолҳои илмии 5-соли охир дар журналҳои тақризшавандаи КОА ҶТ ва ФР

1. Н.У.Муллоев, М.Х.Ходиев. Самоассоциация и ИК-спектры некоторых производных триазолов в твердом состоянии. //ДАН РТ . Том: 61 Номер: 7-8. 2018, -С.645-650

2. Муллоев Н.У., Ходиев М.Х. Межмолекулярные взаимодействия и акцепторные свойства некоторых азотсодержащих гетероциклическых соединений по ИК-полосам поглощения группы N-H ассоцированных молекул. // Вестник Таджикского национального Университета, серия естественных наук. 2018. №4. -с.169-176.

3. Абдулов Х.Ш., Муллоев Н.У., Ходиев М., Юсупова Дж. Квантово- химическое определение молекулярной структуры 4-хлорметил-1,3-диоксолана и расчёт его колебательного спектра. //Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. 2019, №1. -с.169-175.

4. Абдулов Х.Ш., Муллоев Н.У., Ходиев М.Х, Файзиева М.Р., Исломов З.З., Файзиева М.Р. Квантово-химическое определение молекулярной структуры 1.2.4-триазол и расчет его колебательного спектра. // Вестник Таджикского национального университета. серия естественных наук. 2019, №2. -с.166-170.

5. Муллоев Н.У., Ходиев М.Х, Файзиева М.Р, Исломов З.З., Файзиева М.Р. Протонодонорные способности гетеороциклических соединений азольного ряда при изменение их электронного и геометрического строения. // Вестник Таджикского национального университета. серия естественных наук. 2019, №4. С-.179-184.

6. Давлатмамадова С.Ш. Исследование ИК-спектров поглощения листьев крапивы двудомной (Urtica dioica L.). Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. Душанбе, -2022. -№3. -С.213-222.

Номгӯи фишурдаҳои илмии 5-соли дар конференсияҳои дохила ва беруна

1. Мулоев Н.У., М.Х.Ходиев. Акцепторные способности некоторых производных триазолов по данным самооассоциации молекул. VI международной конференции современные проблемы физики посвященной 110-летию академика С.У.Умарова и 90-летию академика А.А.Адхамова. Душанбе «ЭР-граф» 2018. С.167-169.

2. N.U. Mulloev, N.L. Lavrik, M. Khodiev, Z.Z. Islomov. The study of the effect of the introduction of substituents into the 1,2,4-triazole molecule by IR spectroscopy Russian-Japanese Conference Chemical Physics of Molecules and Polyfunctional Materials October 30 – 31, 2018. Orenburg, Russian Federation. -р.61-63

3. М.Х.Ходиев Х.Ш.Абдулов, Мулоев Н.У. Расчет колебательного спектра 1,2,4-триазол,5-тиола. Международная конференция «Актуальные вопросы современной физики».посвященной 80-летию профессора Нарзиева Б.Н. 18 апреля 2018 г., Душанбе, Таджикистан. С.39-41.

4. Мулоев Н.У., М.Х.Ходиев. Влияние введенных в молекулярных цикл структурных элементов на спектральные свойства гетероциклических соединений. Тезис 70 лет ТНУ. 2018

5. Мулоев Н.У., М.Ходиев, З.З. Исломов., М. Нуруллоев., М.Давлатов. Влияние введённых в молекулярных цикл структурных элементов на спектральные свойства гетероциклических соединений. Международная конференция «Актуальные вопросы современной физики». посвященной 80-летию профессора Нарзиева Б.Н. 18 апреля 2018 г., Душанбе, Таджикистан. С.31-34.

6. Муллоев Н.У., Ходиев М.Х, Файзиева М.Р., Исломов З.З., Лаврик Н.Л. Исследование образование водородной связи 1.2.3-бензотриазола с протоноакцепторными растворителями методом ИК-спектроскопии. Материалы республиканской научно-практической конференции, «Современные проблемы физики конденсированного состояния и ядерная физика». Душанбе, 19 февраля 2020. -С.95-98.

7. Н.Муллоев, М.Ходиев. Межмолекулярныe взаимодействия в молекулах производный триазола и его растворах по данным ИК-спектроскопии и неэмпирические расчетов. МАТЕРИАЛЫ СИМПОЗИУМА ФИЗИКОВ ТАДЖИКИСТАНА посвященного 85-летию академика Р. Марупова. Душанбе. 2021. -С.57-60.

8. Муллоев Н.У., Ходиев М.Х., Маджидов Н.А., Лаврик Н.Л. Определение центра связывания в структуре молекул производных триазола при образовании межмолекулярной Н-связи методами ИК спектроскопии и квантовой химии. //Всероссийская научная конференция с международным участием «Современные проблемы органической химии»: Новосибирск, 2021. -С.87.

9. Ходиев М.Х, Ходжазода Т.А, Муллоев Н.У, Лаврик Н.Л. Квантовохимические исследование самоассоциации молекулы 1,2,4-триазол // Материалы международной научно-практической конференции, 99 посвященной 30-летию независмости РТ и 25-летию РТСУ. Душанбе, 15-16 октября 2021. -С.16-20.

10. С.Ш. Давлатмамадова, Н.У Муллоев, Н.Л. Лаврик. Физические методы предпосевной обработки семян одуванчика лекарственного (Taraxacum officinale Wigg.). Роль Российско-Таджикского (Славянского) университета в становлении и развитии наукии инновационного образования в республике Таджикистан, Материалы Международной научно-практической конференции, посвященной 30-летию независимоти РТ и 25-летию РТСУ. Душанбе 2021. –С. 21-26.

11. С.Ш. Давлтмамадова, Т. Шукуров Н.У.Муллоев. Исследование спектральных характеристик составных частей горец птичий методом ИК –спектроскопии. Материалы Симпозиума физиков Таджикистана, посвященного 85-летию Академика Р. Марупова. Душанбе 2021. –С.73-74.

12. Ходиев М.Х, Лаврик Н.Л, Муллоев Н.У. Оценка вкладов электростатической и ковалентной составляющих в образование комплексов c водородной связью азолов с протоно акцепторными молекулами методами ИК спектроскопии и квантовой. IX Международной конференции по физической химии краун-соединений, порфиринов и фталоцианинов. 2022. -с. 148.

13. Давлатмамадова С.Ш. Сравнение ИК-спектри аскорбиновой кислоты разных производителей / С.Ш. Давлтмамадова, Ансори Мусабиа // Рисолати илми физика дар инкишофи техника ва технологияи муосир маводи конференсияи чумхуравии илми –амали бахшида ба солхои 2020-2040 ” Бистсолаи омузиш ва рушди фанхои табиатшиноси, дакик ва риёзи дар сохаи илму маориф ва солхои рушди саноат. Хучанд (16-17-уми марти) 2023.-С.144-148.

14. Ходиев М.Х., Исломов З.З. Файзиева М.Р. Квантово-химическое иследование самоассоциации молеклы 3-амино-1,2,4-триазола. Материалы республиканской научно-практической конференции на тему “Математические и компютерные моделирование физических процессов”посвященной 20-летие изучения и развития естественных, точечных и математических дисциплин в сфере науки и оброзования. г.Душанбе. 2023. с.74-78.

Ҳамкориҳои байналмиллалӣ

Имрӯзҳо кафедраи оптика ва спектоскопия бо як қатор муассисаву донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина, Белоруссия, Ӯзбекистон, Тунис, Арабистони Саудӣ, Юнон ва як қатор муассисаҳои ҶТ робитаҳои зичи илмӣ ба роҳ мондааст.

АЪЗОЁНИ КАФЕДРА

Ҳодиев Масрур Ҳомидхочаевич

Мудири кафедра н.и.ф.-м., дотсент

+992 937240990

E-mail; masrur_hodiev@mail.ru

хиёбони Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ

Ҳодиев Масрур Ҳомидхочаевич-номзади илмҳои физика-математика (2022), дотсент (2023). 24-уми сентябри соли 1990 дар д. Сангистон, ҷ/д Айнӣ, н. Айнӣ, дар оилаи коргар тавллуд шудааст. Таҳсил: мактаби таҳсилоти миёнаи №19, д.Сангистон, н. Айнӣ (1997-2008). Хатмкардаи факултети физикаи ДМТ (2009-2014). Лаборанти калони кафедраи “Оптика ва спектроскопия” (2014-2016), аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДМТ (2016–2020), ассистнети кафедраи “Оптика ва спектроскопия” (2017-2023). Сана 7-уми июни соли 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “ИК-спектроскопия и квантово-химический расчёт Н-комплексов производных триазола” дар Шӯрои диссертасионии 99.0.057.02 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амалкунандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Росия дифоъ намуда, санаи 28-уми ноябри соли 2022 аз рӯи ихтисоси 1.3.8 –Физикаи ҳолатҳои конденсӣ ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика шарафёб гардидаст. Соли 2023 раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети физикаи ДМТ-ро ба уҳда дошт. Аз 31-уми майи соли 2023 то инҷониб мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ мебошад. Натиҷаи тадқиқотҳояш зиёда аз 36 номгӯ буда, дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи Ҷопон, ИМА, Голандия, Арабистони Саудӣ, Россия, инчунин дар маводҳои конференсияҳои милли ва байналхалқӣ чоп шудаанд. Ӯ муаллифи 1 дастури таълимӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи кори-илмӣ ва таҷрибаи амалӣ якчанд маротиба дар дохили кишвар аз курсҳои бозомӯзиш гузаштаст. Дар тӯли фаъолияти касбӣ 1-маротиба ба Донишгоҳи Васедаи ш.Токиои Япония, 1-маротиба ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ, 5-маротиба ба Донишгоҳи Давлатии Самарқанд сафар намуда сатҳи касбиашро баланд намудааст.

Исломов Зафар Зулфонович

н.и.ф.-м., дотсенти кафедра

Тел: +992 907805828

E-mail; optik_laser@mail.ru

к. Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ

Исломов Зафар Зулфонович-номзади илмҳои физика-математика, дотсент. 25-уми апрели соли 1967 дар ноҳияи Айнии деҳаи Урметани вилояти Суғд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна с.1984 ба донишгоҳи давлати Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда онро соли 1992 хатм намудааст. Солҳои 1992-1996 дар вазифаҳои муҳандис, лаборанти калон ва мудири лабораторияи таълимии кафедраи оптика ва спектроскопия кор ва фаъолият кардааст. Солҳои 1996-1999 таҳсил дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДТ. Соли 2000 ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи: «Ассоциация молекул в водных растворах гетероорганических соединений и особенности её спектрального проявления». Соли 2002-2003 дар вазифаи муаллими калони кафедраи оптика ва спектроскопия ҳамзамон солҳои 2000-2009 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба таҳсили шӯъбаи ғоибона фаъолият кардааст. Соли 2003 ба гирифтани дараҷаи илмӣ-академии дотсентӣ шарафёб гардид. Аъзои Шӯрои олимони факултети физика ва котиби Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-056 назди ДМТ мебошад. Тӯли солҳои 2009-2018 вазифаи мудири кафедраи оптика ва спектроскопияро ба ӯҳда дошт. Ӯ муаллифи 2 китоби дарсӣ, 8 васоит ва дастурҳои таълимию методӣ, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ мебошад. Барои хизматҳо пурмаҳсул дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илм», Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Файзиева Малохатхон Рахимджоновна

н.и.ф.-м дотсенти кафедра

E-mail; fayzieva-mr@mail.ru

Тел: +992 907815024

к. Рудакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Файзиева Малоҳатхон Рахимҷоновна-н.и.ф.-м., дотсент. Файзиева Малоҳатхон Рахимҷоновна соли 15.11.1970 дар ноҳияи Ленин, ҳоло Рӯдакӣ, Ҷумҳури Тоҷикистон тавалуд шудааст. Соли 1977-1988 дар мактаби миёнаи №3 ноҳия таҳсил намудааст. Соли 1988 ба донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло ДМТ дохил шуда онро солди 1993 хатм намудааст. Баъд аз хатми донишгоҳ Файзиева Малоҳатхон Рахимҷоновнаро аз рӯй тақсимот ба кафедраи оптика ва спектроскопия ба ба ҳайси лабарант, лаборанти калон мудири лабораторияи таълимӣ, ассистенти кафедра, муаллими калон ба аспирантураи донишгоҳ дохил шуда онро хатм намудааст. Соли 2017 рисолаи номзадиашро ҳимоя намуда аз соли 2019 ба вазифаи дотсенти кафедра кору фаъолият намуда истодааст. Айни ҳол корҳои илми худро доир ба омӯзиши таъсири байни ҳамдирарии молекулаҳои бисёратома бо усули спектроскопияи инфрасурх давом дода истодааст. Зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ба табъ расонидааст.

Давлатмамадова Сабик Шомамадовна

н.и.ф.-м., муаллими калон

+992 93-538-26-67

E-mail; sabik1980@mail.ru

хиёбони Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ.

Давлатмамадова Сабик Шомамадовна соли 20.06.1980 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1998 мактаби миёнаи №9 шаҳри Хоруғро хатм намуда, ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоева, ба факултети физика дохил шуда онро соли 2003 хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ соли 2003 ба ДМТ ба кафедраи оптика ва спектроскопия ба ҳайси лаборант ба кор меояд. Соли 2004 ба вазифаи мудири лабораторияи таълимӣ аз соли 2011 то 2013 аспиранти кафедра, аз соли 2014 ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият дорад. Соли 2022 рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Айни ҳол муаллими калони кафедра аст. Дар тӯли фаъолияти омузгориаш зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ дар соҳаи оптика ва спектроскопия ба нашр расиданд, дар ин давра бо мақсади сайлқал додани савияи дониш ва маҳорати касбӣ-омӯзгорӣ дар корӣ даҳҳо конфронсияҳои илмӣ-назариявии сатҳи донишгоҳи, ш. Душанбе, умумиҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок ва баромад намудааст. Инчунин дар ин давраҳо бо мақсади баланд бардоштани савияи кори-илмӣ якчанд маротиба дар дохили кишвар аз курсҳои бозомӯзиш гузаштам. Аъзои ҲХДТ буда дар таҳкими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамзамон мавриди амал қарор додани барнома ва қарорҳои ҳизб иштироки фаъолона дорад.

Давлатҷонова Шукуфа Хуҷамбердиевна

н.и.ф.м., мудири лабораторияи таълимӣ

E-mail; shukufa-d@mail.ru

к. Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ

Давлатджонова Шукуфа Худжамбердиевна 22-юми феврали соли 1986 дар ноҳияи Ишкошими вилояти ВМКБ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №15 соли 2005 ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон факултети физика ихтисоси физика дохил шуда, онро соли 2010 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатияш дар вазифаҳои муаллимаи фанни физикаи мактаби миёнаи №15 н. Ишкошим (2010 -2011), лаборанти калони шӯъбаи физикаи муҳитҳои конденсӣ Институти таҳқиқотии ДМТ (2011 -2012), аспиранти шӯъбаи физикаи муҳитҳои конденсӣ Институти таҳқиқотии ДМТ (2012 -2015), ходими илмии шӯъбаи физикаи муҳитҳои конденсӣ Институти таҳқиқотии ДМТ (2015 -2018), ходими калони илмии шӯъбаи физикаи муҳитҳои конденсӣ Институти таҳқиқотии ДМТ (2018 -2022), соли 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “ спектроскопияи оптоакустикаи обаршоро маҳлулҳои Не3- Не4” дифо намуд. Сентябри соли 2022 дар вазифаи мудири лабораторияи кафедраи оптика ва спектроскопия факултети физикаи ДМТ фаъолият менамояд. Корҳои илмии Давлатҷонова Ш.Х асосан ба оптоакустика обаршоро –маҳлулҳои Не3- Не4 бахшида шудааст. Ӯ муаллифи беш аз 48 мақолаҳои илмӣ ва аз ҷумла як монаграфия мебошад. Маводҳои илмӣ дар дохил ва беруни кишвар ба нашр расидаанд.

Саидова Сония Ҳайдаровна

муҳандиси кафедра

Тел: +992 93812.52.22

к. Рудакӣ 17, факултети физикаи ДМТ

Саидова Сония Хайдаровна соли 1965 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1996 дар кафедраи физиологияи одам ва ҳайвони факултети биологияи ба ҳайси лаборант кор кардааст. Аз соли 2001 то ҳол дар факултети физикаи ДМТ дар корҳои зерин: диспечери шуъбаи ғоибона (2003-2008), методисти шуъбаи ғоибона. Аз соли 2010 то ин ҷониб ба ҳайси муҳандиси кафедраи оптика ва спектроскопия фаъолият дорад.