ТАЪРИХИ КАФЕДРА
КАФЕДРАИ ЭЛЕКТРОНИКАИ ФИЗИКӢ соли 1990 дар асоси ихтисоси «Радиофизика ва электроника», ки ҳанӯз соли 1980 дар факултет кушода шуда буд, таъсис дода шудааст. Мудири аввалини он профессор Fафуров В.F. буд. Баъдан Аз соли 1998 то соли 2009 ва аз 2013 то 2017 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои техникӣ дотсент Гадоев С.М. ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2009 то 2013 ин вазифа ба дӯши дотсент Азизов К.Ҷ. буд. Аз соли 2013 то 2017 вазифаи мудири кафедра ба души дотсент Гадоев С.М буд. Аз соли 2017 то инҷониб роҳбарии кафедра ба зиммаи дотсенти кафедра Ҳамроқулов Р.Б. вогузор карда шудааст. Ҳоло дар кафедра ду нафар профессор Султонов Н.С., Хоҷазода Т.А., 3 нафар дотсентон: Акобирова А.Т., Ҳамроқулов Р.Б., Fафуров О.В. ва 2 ассистент – Раҳматов Б.А. ва Наимов У.Р. кор ва фаоълият менамоянд. Аз бахши фанҳои умумисоҳавӣ ва фанҳои интихобӣ устодони пуртаҷрибаи кафедра дарс мегӯянд. Бахши фанҳои тахассусӣ 12 фан ва бахши фанҳои умумикасбӣ 13 фанро дар бар мегирад. Хатмкардагони кафедра дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ба ҳайси муҳандис, корманди илмӣ, танзимгари асбобҳои электронӣ ва ғайра кор ва фаъолият менамоянд.
Фаъолияти тадқиқотӣ
Самтҳои асосии корҳои тадқиқотӣ
Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ду самт иҷро мешаванд. Самти аввал, ба омӯзиши таъсири омилҳои беруна ба маводҳои нимноқилӣ ва асбобҳои дар асоси онҳо сохташуда тааллуқ дошта, самти дигар ба сохтани асбобҳои детекторӣ ва фотоэлементҳои дар асоси пайвастагиҳои нимноқилҳои поликристаллӣ бахшида шудааст. Устодони кафедра ба ихтирокорӣ низ рағбат доранд. Масъалан, ихтирои Акобирова А. ва Обухов Ю.В. таҳти №1794 323А3 дар мавзӯи «Тарзи тайёр кардани пардаҳои детектории нурафкании ионизатсионӣ дар асоси теллуриди кадмий» ва ихтирооти Гадоев С. ва Скоробогатов П.К. дар мавзӯи «Такт –ПЗУ 256КР» ба қайд гирифта шудаанд.
Фаъолиятҳои таълимӣ
Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-31 04 02 00–радиофизика ва электроника дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:
– тахассуси касбӣ – муҳандиси радиоэлектроника;
– дараҷаи касбӣ – бакалавр
Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-31 04 02 00 – “Радиофизика ва электроника” тибқи Шаҳодатномаи ИА №0000920 аз 08.08.2019 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.
Бакалавр (рӯзона ва ғоибона)
Фанҳои умумии касбӣ
1. Механика
2. Физикаи молекулавӣ
3. Электр ва магнетизм
4. Оптика
5. Химияи умумӣ
6. Асосҳои физикаи атом ва ҳаста
7. Асосҳои назарияи технологияи пешқадам
8. Асосҳои электроника
9. Усулҳои математикии физикӣ
10. Таҳлили риёзӣ
11. Асосҳои электротехника
12. Асосҳои радиотехника
13. Техникаи алоқа
Фанҳои тахассусӣ
1. Оптоэлектроника
2. Электроникаи интегралӣ
3. Электроникаи квантӣ
4. Техникаи импулсӣ
5. Технологияи олотҳои нимноқилӣ
6. Электроникаи фавқулбасомад
7. Асбобҳои нимноқилӣ
8. Таъсири нурҳои ионӣ ба асбобҳои нимноқилӣ
9. Назарияи лаппишҳо
10. Асосҳои технологияи микропротсессорӣ
11. Асосҳои назарияи занҷирҳо
12. Асосҳои радиолокатсия ва радионавигатсия
Марказҳои илмӣ ва лабораторияҳо
Кафедра дорои лабораторияҳои таълимию методӣ, инчунин аудитория бо технологияи инноватсионии дорои тахтаи электронӣ ва проектор мебошад. Дар ин синфхона ва лаборатория видеолексияҳо, слайдҳо, конфронсҳои видеоӣ, тестӣ барои таъмини донишҷӯён ва омӯзгорон бо технологияҳои муосир ва захираҳои электронӣ, ки барои баланд бардоштани самаранокии раванди таълим заруранд машғулиятҳо гузаронида мешаванд.
Озмоишгоҳи Асосҳои электротехника.
Озмоишгоҳи Асосҳои телевизион.
Озмоишгоҳи Асбобҳои иони .
Озмоишгоҳи Басомадҳои фавқулбаланд.
Озмоишгоҳи интиқоли радиомавҷҳо ва сохти антеннаҳо.
Озмоишгоҳи назарияи занҷирҳо.
Озмоишгоҳи Асосҳои радиотехника.
Озмоишгоҳи Электроникаи интегралӣ ва Оптоэлектроника.
Озмоишгоҳи Дастгоҳҳои нимноқилӣ ва Электроникаи ҷисми сахт.
Дар маҷмӯъ 38 адад корҳои лабораторӣ дар ҳолати корӣ қарор дорад. Як қисмати корҳои лабораторӣ аз сабаби фарсуда гардидан ва аз кор баромадани элементҳои алоҳидаи дастгоҳҳо аз кор баромадаанд. Қисмҳои зарури барои таъмир дастнорас мебошанд.
Докторантура ва аспирантура
Корҳои анҷомдодаи кафедра оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ:
1. Ҳимояи рисолаи номзадии Азизов К.Д. дар мавзуи: «Влияние пластической деформации на структуру аморфно-кристаллических палимеров». Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 10 октябри 1995, ихтисос: 01.04.07. –Физикаи муҳитҳои конденсӣ.
2. Ҳимояи рисолаи доктории Султонов Н. дар мавзуи: «Надмолекулярная структура аморфно-кристаллических палимеров с различной жесткостью цепей». Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 5 апрели 1997, ихтисос: 01.04.07. –Физикаи муҳитҳои конденсӣ.
3. Ҳимояи рисолаи номзадии Хоҷазода Т.А. дар мавзуи: «Таъмини конституционии хукукхои ветеранхои чанги мамлакатхои ИДМ». Федератсияи Россия, Москва, Академияи Вазорати корҳои дохилии Русия. 15 марти 2011, ихтисоси 12.00.02. «Қонуни конститутсионӣ; мурофиаи конститутсионӣ; қонуни коммуналӣ.
4. Ҳимояи рисолаи номзадии Ғафуров О.В. дар мавзуи: «Исследование влияния радиации на деффектообразование и электрофизические параметры полупроводниковых структур и приборов». Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 27 декабри 2002, ихтисос: 01.04.07. –Физикаи муҳитҳои конденсӣ.
5. Ҳимояи рисолаи номзадии Ҳамроқулов Р.Б. дар мавзуи: «Структура и электрические свойства поликристаллических плёнок теллурида кадмия, синтезированных при различных технологических условиях». Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 3 майи 2012, ихтисос: 01.04.07. –Физикаи муҳитҳои конденсӣ.
6. Ҳимояи рисолаи доктории Гадоев С.М. дар мавзуи: «Влияние ионизирущих излучений на параметры и физические свойства полупроводниковых структур различных технологий». Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 17 октядри 2019, ихтисос: 01.04.14 – Физикаи гармо ва назарияи техникаи гармо.
7. Ҳимояи рисолаи доктории Хоҷазода Т.А. дар мавзуи: «Механизм действия тепловых нейтронов на спектральные свойства состава семян и их биологическую активность» Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 12 октябри 2019, ихтисос: 03.01.02.- Биофизика
8. Ҳимояи рисолаи номзадии Наимов У.Р. дар мавзуи: «Информационно –измерительная система отценивания координат и параметров движения беспилотных летательных аппаратов». Федератсияи Россия, Тамбов, 21 декабри 2020, ихтисос: 05.11.16 – Системаҳои иттилоотии ченкунанда ва идоракунанда.
9. Ҳимояи рисолаи номзадии Раҳматов Б.А. дар мавзуи: «Разработка «внешней» компактной модели органического полевого транзистора с учетом дифференциальной проводимости». Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 22 феврали 2022, ихтисос: 1.3.8 –Физикаи муҳитҳои конденсӣ.
Алоқаҳои илмӣ
Кафедраи электроникаи физикӣ бо донишгоҳҳо, факултетҳо, марказҳои илмии дохили кишвар, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белоруссия робитаҳои васеи ҳамкорӣ дорад. Ба монанди:
– Институти физикаю техники ба номи С.У.Умаров.
– Донишгоҳи давлатии Беллоруссия.
– Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.
– Донишгоҳи славянӣ – тоҷикӣ.
– Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ.
– Донишгоҳи давлатии Орел ба номи И.С.Тургенев.
– Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов
АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
Мудири кафедра
E-mail: badriddin.rakhmatov.91@mail.ru
Тел: (992) 981006951
шаҳ. донишҷӯён, маҳ. Буни Ҳисорак, бинои 16
Раҳматов Бадурдин Амируллоевич н.и.ф-м. 24.02.1991 дар н. Ховалинг таввалуд шудааст. Физикдон, номзади илмҳои физика ва математика (2022). Хатмкардаи ДМТ (2014) ва Донишгоҳи давлатии Орёл ба номи И.С. Тургенев, ФР (2019). Фаъолияти меҳнатиашро дар кафедраи электроникаи физикии ҳамин донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи электроникаи физикӣ (2014-2015) оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои лаборанти калони кафедраи электроникаи физикӣ (2019-2020) ва аз 17.08.2020 то инҷониб ассистенти кафедраи электроникаи физикӣ кор ва фаъолияти илмӣ намуда истодааст. Инчунин аз соли 2023 сар карда мудири кафедраи электроникаи физикӣ ба уҳда дорад. Тадқиқоти илмии Раҳматов Б.А. ба коркарди моделҳои компактии транзисторҳои майдонии органикӣ равона шудааст. Ӯ муаллифи бештар аз 20 мақолаву гузоришоти илмӣ мебошад.
E-mail: h.rajabmurod@mail.ru
Тел: (992) 904160775
шаҳ. донишҷӯён, маҳ. Буни Ҳисорак бинои 16
Ҳамрокулов Раҷабмурод Бадриддинович н.и.ф.м., дотсент 16.07.1975 дар ноҳияи Ваҳдат таввалуд шудааст. Физикдон, номзади илм илмҳои физикаю математика (2012), дотсент (2017). ДДМТ –ро соли 1997 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси муҳандиси категорияи 1-уми лабораторияи ЭЛУ-6 оғоз намуда баъдан лаборанти калон (1999), ассистент (2000), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи (2012), муовини декан оид ба таълим (2013) ва аз соли 2017 то 2023 вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дошт. Ҳамроқулов Р.Б. муаллифи зиёда аз 70 мақолаву гузоришоти илмӣ, 4 дастури таълимию методӣ мебошад. Тадқиқоти илмии ӯ ба омӯзиши сохтории полимерҳо ва хосиятҳои физикии сохторҳои тунуки нимноқилӣ равона шудаанд.
E-mail: sultonov_nizom@nail.ru
Тел: (992) 988003588
шаҳ. донишҷӯён, маҳ. Буни Ҳисорак бинои 16
Султонов Низом д.и.ф.м., профессор 15.01.1940 дар ноҳияи Ваҳдат таввалуд шудааст. Физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1997), профессор (1999). ДДТ –ро соли 1963 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси лаборанти калон (1963), аспирант (1965), хизмат дар сафи артиш (1967), коромӯз-тадқиқотчӣ (1968), ходими хурди илмии ЛИТФМП ДДМТ (1971), ходими калони илмии ҳамин лаборатория (1974), муаллими калони кафедраи физикаи ҳаста (1975), дотсенти ҳамин кафедра (1976), мудири ҳамин кафедра (1978), дотсенти ҳамин кафедра (1983), декани факултаи физикаи ДДМТ (1998) ва аз соли 2001 профессори кафедраи электроникаи физикӣ идома дорад. Султонов Н. муаллифи зиёда аз 200 мақолаву гузоришоти илмӣ, 6 дастури таълимию методӣ мебошад. Тадқиқоти илмии ӯ ба омӯзиши сохтории полимерҳо ва хосиятҳои физикии сохторҳои тунуки нимноқилӣ равона шудаанд. Мукофотҳо – Аълочии маорифи Тоҷикистон (с. 2000), Ифтихорномаи ДМТ, Ифтихорномаи АИ ҶТ.
E-mail: aziza.akobirova@mail.ru
Тел: (992) 907917626
шаҳ. донишҷӯён, маҳ. Буни Ҳисорак бинои 16
Акобирова Азиза Тошпулатовна н.и.ф.м., дотсент 18.03.1950 дар шаҳри Самарқанд таввалуд шудааст. Физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (1978), дотсент (1990). Донишгоҳи давлатии Самарқандро соли 1971 хатм намудааст, стажировка ва аспирантураи ИФТ АФ СССР ба номи Иоффе (1971-1976). Фаъолияти меҳнатиаш дар ДДТ ба ҳайси ходими хурди илмӣ (1976-1978), ходими калони илмӣ (1978-1980), ходими пешбари илмии кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1980-1984), муаллими калони кафедраи физикаи ҳаста (1984-1990) ҷараён гирифтааст. Аз соли 1990 –дотсенти кафедраи электроникаи физикӣ мебошад. Тадқиқоти илмии Акобирова А. ба омӯзиши хосиятҳои физикӣ ва технологияи ҳосилкунии лавҳаҳои тунукӣ нимноқилӣ ва сохтани детекторҳои нимноқилӣ ва батареяҳои офтобӣ нигаронида шудаанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 120 мақолаи илмӣ, 2 патенти ихтироъ ва 10 дастури таълимӣ аст.
E-mail: toir.khodzhaiev.62@mail.ru
Тел: (992) 900526352
шаҳ. донишҷӯён, маҳ. Буни Ҳисорак бинои 16
Хоҷазода Тоҳир Абдулло д.и.ф.м., профессор 29.05.1962 дар ноҳияи Куйбышев таввалуд шудааст. Физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (1995). ДДТ-ро с. 1989 хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи электроникаи физикӣ (1989-1995) муаллими калон (2002-2008) ва (2008-2010) дотсенти ҳамин кафедра, аз соли 2010 то 2013 Муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2013 то 2017 мудири шӯъбаи таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз 09.05.2017 то 2020 муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2020 то 2022 ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Аз 1 октябри с. 2022 профессори кафедра . Корҳои илмии ӯ ба тадқиқи «Механизми таъсири нейтронхои термикй ба хусусиятхои спектралии таркиби тухмӣ ва фаъолияти биологии онҳо» бахшида шудааст. Хоҷазода Тоҳир Абдулло муаллифи зиёда аз 85 мақолаву гузоришоти илмӣ ва 8 дастури таълимию методӣ аст. Мукофотҳо – Ифтихорномаи ДМТ, ифтихорномаи академияи илмҳо, ифтихорномаи вазорати маориф ва илми ҶТ, Аълочии маорифи ҶТ, Ходими шоистаи ҶТ
E-mail: gafurovodiljon1970@gmail.com
Тел: (992) 907810506
шаҳ. донишҷӯён, маҳ. Буни Ҳисорак бинои 16
Ғафуров Одилҷон Вадудович н.и.ф.м. 08.07.1970 дар ш. Душанбе таввалуд шудааст. Физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (2002), дотсент (2010). Хатмкардаи ДДТ (1992). Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси ассистент (1992-2002), муаллими калони кафедраи электроникаи физикӣ (2002-2010) ва аз соли 2010-дотсенти кафедраи электроникаи физикӣ идома дорад. Тадқиқоти илмии Ғафуров О. ба омӯзиши таъсири нурҳои ионӣ ба сохторҳои асбобҳои нимноқилӣ равона шудааст. Ӯ муаллифи бештар аз 50 мақолаву гузоришоти илмӣ ва 3 дастури таълимию методӣ мебошад. Мукофотҳо – Аълочии маорифи ҶТ.
E-mail: u-naimov@mail.ru
Тел: (992) 918697984
шаҳ. донишҷӯён, маҳ. Буни Ҳисорак, бинои 16
Наимов Умедҷон Розибекович н.и.т. 13.12.1987 дар н. Дарвоз таввалуд шудааст. Физикдон, номзади илмҳои техникӣ (2020). Хатмкардаи ДДМТ (2010), Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов, ФР (2019). Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи электроникаи физикӣ (2010-2015) оғоз намуда баъдан лаборанти калони кафедраи оптика ва спектроскопия (2019-2020), лаборанти калони кафедраи электроникаи физикӣ (2020-2021) ва аз 28.08.2021 то инҷониб ассистенти кафедраи электроникаи физикӣ идома дорад. Тадқиқоти илмии Наимов У.Р. ба коркарди усулҳои оптимизатсиякунони дастгоҳҳои назоратии радиолокатсионӣ равона шудааст. Ӯ муаллифи бештар аз 27 мақолаву гузоришоти илмӣ мебошад.