ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи физикаи умумӣ яке аз кафедраҳои бунёдии факултети физикаю математика ва баъдтар факултети физикаи ДМТ ба шумор меравад, зеро он ҳанӯз соли 1949 ташкил ёфта буд. Дар ибтидо устодони кафедра барои донишҷӯёни факултетҳои физикаю метематика, химия, биология ва геология аз курси физикаи умумӣ дарс мегуфтанд. Аз соли 1979 сар карда, таълими амиқи курси физикаи умумӣ барои донишҷӯёни факултетҳои физика ва механикаю математика ба ӯҳдаи ҳамин кафедра вогузор шудааст. Мудири аввалини кафедра А.И. Лукянченко (1949-1950) буд. Сипас ин вазифаро дотсент К.С. Мустафин (1950-1954), дотсент С.П. Макагон (1954-1956), профессор А.А. Адҳамов (1956-1959), дотсент Ҳ.У.Содиқов (1959-1978), профессор Т.Б. Бобоев (1978-1985, 1991- 2009), дотсент О.Ш. Шокиров (1985-1990), дотсент Низомов З. (2009-2010), дотсент Истамов Ф.Х. (2010-2016) ишғол намудаанд. Аз соли 2016 то имрӯз сарварии кафедраро доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ақдодов Д.М. ба ӯҳда дорад. Давоми солҳои гуногун дар ин кафедра академикҳои академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Фарҳод Раҳимӣ ва профессор С.О.Одинаев, профессорон М.И.Салоҳуддинов, Б.С.Сабу¬ров, номзадҳои илм, дотсентон Н.М.Ҳошимов, Г.Н.Почо¬ҷонова, О.Ш. Шокиров, М.А.Акрамова, В.И.Иванников, А.И.Агафонов, М.А.Бурнашев, Р.С.Шуссер, А.М.Муҳам¬мади¬ева, И.К.Султонова, С.Н.Ниёзов, Т.М.Маҳмудов, З.И.Ниёзова, Т.Нуриддинов, С.Юнусова, А.С.Самадов, С.И.Селитсер, З.Низомов, Ҳ.Ғаюров, Ю.А.Авазов, З.Бердиев, У.Орифхоҷаев, С.Қодирӣ, З.М.Иоффе, Ҷ.Маҳкам¬боев, А.Р.Олимов муаллимони калон Т.И.Неча¬ева, М.Д.Усмонова, З.К.Абдуллоева, А.Абдураҳимов, С.Исмои¬лов, Р.Г.Тоҳирова, С.Р.Қобилҷонова, Ю.Муҳамад¬ҷонов, И.У.Христова, Т.Шербадалова, ва дигарон кору фаъолият кардаанд. Айни замон дар кафедра корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявиро профессор Д.М.Ақдодов, дотсентон Ҳ.С.Садуллоев, Ф.Х.Истамов, М.Муҳаммадҷонова, Ҳ.Б.Шарифзода, У.М. Шоимов, Б.Н.Гулов пеш мебаранд. Дар баробари иҷрои барномаҳои таълимӣ аз курси физикаи умумӣ яке аз вазифаҳои ҷиддие, ки ба дӯши устодони кафедра гузошта шудааст, ба васоиту дастурҳои таълимию методӣ таъмин намудани донишҷӯён ва гузаронидани олимпиадаҳои байни донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Дар давоми 5 соли охир 8 китоби дарсӣ ва зиёда аз 20 номгӯи васоиту дастурамалҳои таълимию методиро чоп намуданд, ки қисмҳои физикаи умумӣ ва практикумҳои физикиро дар бар мегирад. Ҳамаи ин китобҳои дарсӣ бо ташаббуси устодони кафедра таълиф гардидаанд, ки намунаи онҳо китобҳои зерин мебошанд: Бобоев Т. Механика, 2016.; Низомов З. Физикаи молекулавӣ, 2017; Бобоев Т., Садуллозода Ҳ., Ақдодов Д.М. Физикаи умумӣ, Ҷилди 1, 2019; Икромов М., Аминов Ш., Саъдуллозода Ҳ. Электродинамика 2019; Бобоев Т., Раҳимӣ Ф., Хоҷазода Т., Солиҳов Д.Қ., Истамов Ф.Х. Физика 2020; Бобоев Т., Хоҷазода Т., Умаров У.С., Истамов Ф.Х., Комилов А. 2020; Саъдуллозода Ҳ., Ҳамроқулов М., Хоҷахонов И.Т., Ҷумабаев А., Муродов Ғ. Механика 2021. Дар кафедра ду маҳфили донишҷӯён амал менамоянд, ки дар онҳо донишҷӯён ба озмунҳои гуногун омодагӣ мебинанд. Корҳои илмию-тадқиқотӣ ҷузъи ҳатмии фаъолияти устодони кафедра ба шумор меравад. Фаъолияти илмии ходимони кафедра бо соҳаҳои гуногуни физикаи муҳитҳои конденсӣ алоқаманд аст. Дастовардҳои илмии устодон ба намуди 5 монография ва зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ нашр гардидаанд. Аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ устодони кафедра бо 13 шаҳодатномаи муаллифии ихтироъ сазовор гардидаанд. Дар баробари ин устодони кафедра дар симпозиуму конфронсҳои илмии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ бо маърузаҳо баромад мекунанд ва сарпарастии корҳои илмии аспирантҳо ва докторантҳоро бар ӯҳда доранд. Саҳми устодони кафедра дар рушду нумӯи илм ва маорифи ҷумҳурӣ ва омода намудани мутахассисони варзида хеле назаррас мебошад. Давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати устодони кафедраро ба назар гирифта онҳоро бо унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудааст. Масалан, собиқ профессори кафедра Т.Бобоев дорандаи унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» буду бо ордени «Нишони фахрӣ» соли 1981 мушарраф гардидаанд. Устод Ҳ.С.Садуллоев дорандаи унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сабиқадори меҳнат буда, бо ордени «Шараф» мукофотонида шудаанд. Ақдодов Д.М. соҳиби «Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У.Умаров» дар соли 2018 гашт. Устодон Шарифзода Ҳ. Б. ва Истамов Ф.Х. – дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд. Кафедра бо як қатор муассисаву донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Украина ва муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаҳои илмӣ дорад. Масалан бо Институти физикаю техникии ш. Санкт-Петербург, Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Г.Шевченко, Донишгоҳи давлатии Белорусия, Институти физикаи муҳитҳои конденсии Академияи миллии илмҳои Украина, ш.Лвов, Донишгоҳи миллии Одесса ба номи И.И.Мечникова, Институти физикаю техникаю ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ, Институти химияи ба номи Никитинаи АИ ҶТ, Донишгоҳи омӯзгории Қурғонтепа ба номи Носири Хисрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғшаҳр ба номи М.Назаршоев ва ғайра ҳамкорӣ доранд. Саҳми устодони кафедра дар инкишофи илми Ҷумҳурӣ, тайёр кардани мутахассисони касбӣ дар соҳаи маориф назаррас мебошад.
Баъзе китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ ва методие, ки устодони каферда бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ нашр намудаанд.
1. Бобоев Т. Механика: китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Д: Маориф, 2016.- 320 с.
2. Бобоев Т. Механика: китоби дарсӣ, Д: Маориф ва фарҳанг, 2005.- 268 с.
3. Бобоев Т., Садуллозода Ҳ., Ақдодов Д.М. Физикаи умумӣ, Ҷилди 1, Душанбе 2019, Матбааи ДМТ, 320 с.
4. Сайдуллоева М. Механика, физикаи молекулярӣ ва термодинамика.- Душанбе: Маориф, 1984.- 324 с.
5. Саъдуллоев Ҳ., Холов М., Хоҷахонов И. Механика, физикаи молекулярӣ ва асосҳои термодинамика.- Душанбе: 2000.- 174 с.
6. Низомов З. Физикаи молекулавӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ. Душанбе, ПРОМЭКСПО, 2017. 600 с.
7. Саъдуллозода Ҳ. ва Ақдодов Д.М. Электр ва магнетизм. Душанбе «ДМТ» – с.2011., 262 с.
8. Маҷмӯйи супоришҳои тестӣ аз «Механика»/Мураттиб Т. Бобоев-Душанбе: Сино, 2009.-40 с.
9. Корҳои лабораторӣ аз механика. Мураттиб: Бобоев Т. -Душанбе: Матбааи ДМТ, 2009.-95 с.
10. Маҷмӯйи супоришҳои тестӣ аз «Механика»/Мураттиб Т. Бобоев-Душанбе: Сино, 2009.-40 с.
11. Корҳои лабораторӣ аз физикаи молекулавӣ. Мураттибон: Низомов З., Истамов Ф., Ақдодов Д.М., Гулов Б. -Душанбе: Матбааи ДМТ, 2011.-81 с.
12. Маҷмӯйи супоришҳои тестӣ аз «Электр ва магнетизм»/Мураттибон Ҳ. Саъдуллозода ва Д. Ақдодов -Душанбе: Сино, 2009.-40 с.
13. Корҳои лабораторӣ аз электр ва магнетизм (Муратибон Ҳ. Саъдуллозода ва Д. Ақдодов) Душанбе, с. 2006.
14. Солиҳов Д.Қ., Махсудов Б.И., Исломов З.З., Ақдодов Д.М. Факултети физика 50 сол, Душанбе 2016, Матбааи ЭР-граф, 208 с.
15. Бобоев Т.Б., Истамов Ф.Х, Файзиева М. Маҷмӯи споришҳои тести аз механика. Душанбе «Матбааи ДМТ», 2018, 100 с.
16. Шукурзод Т.А., Садуллозода Ҳ., Ақдодов Д.М., Гулов Б.Н. Майдони магнитӣ, Душанбе 2019, Матбааи ДМТ, 108 с.
17. Шарифзода Ҳ.Б., Шоимов У.М., Гулов Б.Н., Шоистаи Н., Иматшоева Н. Маҷмӯйи супоришҳои тести аз физикаи умумӣ. Душанбе 2019, Матбааи ДМТ, 107 с. (бо қарори Шӯрои илмӣ методии факултети физикаи ДМТ аз 13.03.2019, пр. №7 ҳамчун дастури таълимӣ-методӣ ба чоп тавсия шуд.)
18. Бобоев Т., Шарифзода Ҳ.Б., Акдодов Д.М., Шоимов У.М. Физический практикум по механике. Душанбе 2019, Матбааи ДМТ, 95 с. (бо қарори Шӯрои илмӣ методии факултети физикаи ДМТ аз 10.08.2019, пр. №1 ҳамчун дастури таълимӣ-методӣ ба чоп тавсия шуд.)
19. Саъдуллозода Ҳ., Солиҳов Д.Қ., Ақдодов Д.М., Гулов Б.Н. «Алифбо»-и физика. Душанбе, Матбааи ДМТ, 2020. 134 саҳ. (Бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз 30.03.2020, суратмаҷлиси №07 ҳамчун дастури таълимӣ-методӣ ба чоп тавсия шуд).
20. Шарифзода Ҳ.Б. Сборник тестовых вопросов и задач по механике. Душанбе 2020, Матбааи ДМТ, 66 с. (бо қарори Шӯрои илмӣ методии факултети физикаи ДМТ аз 26.11.2020, пр. №3 ҳамчун дастури таълимӣ-методӣ ба чоп тавсия шуд)
ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ ФИЗИКАИ УМУМӢ
1.Физикаи умумӣ-Механика
2. Физикаи умумӣ-Физикаи молекулавӣ
3. Физикаи умумӣ-Электр ва магнетизм
4. Физикаи умумӣ-Ҳамаи қисмҳо (барои факултети механикаю математика)
5. Физпрактикум-Механика
6. Физпрактикум-Физикаи молекулавӣ
7. Физпрактикум-Электр ва магнетизм
8. Физпрактикум-Ҳамаи қисмҳо (барои факултети механикаю математика)
ЛАБОРАТОРИЯҲОИ ТАЪЛИМӢ
1. Озмоишгоҳи механика
2. Озмоишгоҳи физикаи молекулавӣ
3. Озмоишгоҳи электр ва магнетизм
4. Озмоишгоҳи оптика ва физикаи атом
Рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ
Ақдодов Донаёр Мавлобахшович Релаксационные процессы и исследование явлений переноса, упругих и акустических свойств растворов электролитов, рисолаи докторӣ 2017;
Садуллоев Ҳаҷатулло Саъдуллозода Исследование инфракрасных спектров различных селекционных сортов хлопка. Рисолаи номзадӣ 1981г.
Муҳамадҷонова Мамнуна Боеровна Дислокационная структура и механические свойства модельных композитов типа LiF, Рисолаи номзадӣ 1988г.
Шарифзода Ҳасан Бозорович Изотопно-геохроногическое исследование месторождения Шлема- Альберода ксеноновьи неитронно-индуцированньм методом. Рисолаи номзадӣ 1992г.
Гулов Бобомурод Нурович Теплофизические свойства особочистого алюминия и его сплавов с кремнием, медью и некоторыми редкозамельными металлами. Рисолаи номзадӣ 2015г.
АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
Мудири кафедраи физикаи умумӣ д.и.ф.м. профессор Ақдодов Д.М. Ақдодов Донаёр Мавлобахшович (доктори илмҳои физикаю математика, дотсент) соли 1977 дар ноҳияи Шуғнони ВАБК таваллуд шудааст. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоевро бо ихтисоси «Физика» хатм намуда, солҳои 2000-2001 ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ҳамин донишгоҳ, соли 2001 лаборанти калони сектори физикаи назариявии Институти Физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2005 аспиранти Институти Физикаю техникии ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ ва солҳои 2005-2006 ходими илмии сектори физикаи назариявии Институти Физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ буд. Аз соли 2006 то инҷониб фаъолияти меҳнатиаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома ёфта, солҳои 2006-2008 ассистент, 2008-2011 муаллими калон, 2011-2012 дотсент, 2012-2013 докторант, 2013-2016 дотсенти кафедраи физикаи умумӣ, аз соли 2016 то ҳол мудири ҳамин кафедра мебошад. Зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ, муаллифи 1 монография, 2 китоби дарсӣ ва мураттиби 8 воситаҳои таълимию методӣ мебошад. Солҳои 2010-2015 вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалии факултети физикаи ДМТ-ро ба ӯҳда дошт. Соли 2018 сазовори «Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У.Умаров» гаштааст.
Мухамадҷонова Мамнуна (тав. 08.12.1947, Душанбе), физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (1988). Хатмкардаи ДДТ (1971) ва аспирантураи ИФТ ба номи А.Ф.Иоффе АИ СССР (1986). Фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаҳои лаборанти калони кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи омӯзгории Душанбе (1971), ассистенти ҳамин кафедра (1973), муаллими калон (1988). Аз 1994 – 1996 муаллими калони кафедраи механикаи назариявии ДТТ ба номи Осимӣ М.С ва аз с. 1998 дотсенти кафедраи физикаи умумии ДДМТ ҷараён дорад. Корҳои илмии Муҳамадҷонова ба татбиқи спектроскопияи молекулавии инфрасурх дар тиб равона шудаанд. Муҳамадҷонова муаллифи 14 мақолаи илмӣ ва 2 дастури методӣ мебошад.
Шарифзода Ҳасан Бозорович (тав.31 январи соли 1954 ш. Душанбе), физикдон номзади илми химия (1992) Фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаҳои ассистени кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб(1976), муаллими калон (1981), дотсент (1992), декани факултаи химия ва биологияи ҳамин донишкада (1993), ходими калони Пажӯҳишгоҳи химияи АИ ҶТ (1979), дотсенти кафедраи физикаи умумии ДДМТ(2002) ҷараён дорад. Корҳои илмии Шарифзода Ҳ. ба омӯзиши хосиятҳои изотопҳои радиогении газҳои инертӣ дар обҳои минералӣ ва гарми ҶТ равона шудаанд. Ӯ муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмӣ ва 4 дастури методӣ мебошад. Дорандаи нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1999) аст.
Саъдуллозода Ҳоҷатулло Cадуллоев (тав. 29.01.1937) физикдон, номзади илмҳои техникӣ (1981), дотсент (1984). Хатмкардаи ДДТ (1960) ва аспирантураи АИ ҶТ (1964). Фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаҳои лаборанти калони Шӯъбаи физика ва математикаи АИ ҶТ (1960), ходими хурди илмии ҳамин шӯъба (1962), ассистенти кафедраи ДТ ба номи М.Осимӣ (1964), муаллими калон (1966), дотсенти ҳамин кафедра (1984) ва аз соли 2002 то ҳол дотсенти кафедраи физикаи умумии ДМТ ҷараён дорад. Саъдуллоев Ҳ – дар соҳаи спектроскопияи инфрасурхи нахҳои навъҳои гуногуни селексионии пахта тадқиқоти илмӣ бурдааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 4 китоби дарсӣ, 15 восоитҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмию методӣ мебошад. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи ҶТ» (1997) буда, бо ордени «Шараф» (1999) мукофотонида шудааст. Ос.: «Асосҳои физикаи ибтидоӣ»(қисмҳои якум ва дуюм)-1992, маҷмӯаи супоришоти тестӣ аз физика (1995, 202, 2006), «Электр ва магнетизм» (с.2011)- китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Адабиёт: «Энсиклопедияи олимони ДДМТ, (с. 2008), ҳафтаномаи «Омӯзгор» № 15, аз 13 апрели с.2012 (Қутбномаи шогирдон).
Гулов Бобомурод Нурович (тав. 3 ноябри 1974) физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (2015), дотсент (2019). Хатмкардаи ДДМТ (ҳозира ДМТ) (1999) мебошад. Фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаи мудири лабораторияҳои таълимии кафедраи физикаи умумии ДМТ (1999-2007), ассистенти кафедраи физикаи умумии ДМТ (2007-2017), муаллими калони кафедраи физикаи умумии ДМТ (2017-2020), ва аз соли 2020 то ҳол дотсенти кафедраи физикаи умумии ДМТ мебошад. Гулов Б.Н.- дар соҳаи теплофизикаи хӯлаҳо тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 3 восоитҳои таълимию методӣ ва 25 мақолаҳои илмию мебошад. Иматшоева Нилуфар Давлатшоевна 30 августи 1978 дар н.Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2005 магистратура ДМТ хатм намуд. Аз соли 2002 дар вазифаи лаборант, сипас аз соли 2006 дар вазифаи лаборанти калон, аз соли 2011 мудири лабораторияи кафедраи физикаи умумии факултети физикаи ДМТ кор мекунад. Тайи чанд соли охир шурои занону духтарони факлтети физикаро ба ӯҳда дорад.